23 июн — Рӯзи байналмилалии олимпӣ
Душанбе, 23.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 23 июн дар Тоҷикистон дар радифи мамлакатҳои дигари ҷаҳон Рӯзи олимпӣ бахшида ба Рӯзи таъсиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ таҷлил мегардад.
Бахшида ба ин сана дар манотиқи мухталифи кишвар чорабиниҳои варзишӣ баргузор мешаванд ва ҳазорон ҳамватанонамон дар ин чорабиниҳо фаъолона ширкат варзида, ҳамрайъии худро бо тамоми сокинони сайёра, ки ҳаракати олимпиро чун ифодагари ҳамдиливу ҳамбастагӣ эътироф кардаанд, изҳор менамоянд.
Баргузории чорабиниҳо дар ин рӯз дар амал ҷорӣ гардидани идеяи олимпизм буда, аз рушди васеи ҳаракати олимпӣ дар олам ва ба ҷашни ҷаҳонии варзишгарон мубаддал гардидани он шаҳодат медиҳад.
Ин ҷашни бузурги варзишӣ бо самимияти худ табақаҳои мухталифи ҷомеаро дар атрофи худ муттаҳид намуда, пояҳои дӯстиву рафоқат ва пайванди наслҳоро боз ҳам устувортар мегрдонад.
Дар паёми табрикии котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев бахшида ба ин рӯз, аз ҷумла омадааст: «Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон инкишоф ёфта, бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастаи мунтахаби олимпии кишвар шурӯъ аз соли 1996 мустақилона дар Бозиҳои олимпӣ ширкат меварзад. Ба даст овардани се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 дар Пекин ва соли 2012 дар Лондон бузургтарин дастоварди варзишгарони Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Паҳлавони маъруф Расул Боқиев дар Олимпиадаи Пекин дар мусобиқа оид ба дзюдо дар вазни то 73 килограмм соҳиби медали биринҷӣ гардид, ки ин дар таърихи варзиши тоҷик аввалин медали олимпии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба шумор меравад.
Намояндаи дигари Тоҷикистон Юсуф Абдусаломов дар Олимпиадаи Пекин дар мусобиқаи гӯштини озод дар вазни то 84 килограмм бо медали нуқра сарфароз гашт.
Медали сеюми олимпиро ба Тоҷикистон Мавзуна Чориева дар Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон овардааст. Вай дар мусобиқа оид ба бокс миёни занон дар вазни то 60 килограмм бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.
Инчунин бо дастгирӣ ва кумаки ҳамаҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар маҳсуб мешавад, дар ҷумҳурӣ гузаронидани чорабиниҳои бузурги оммавии варзишӣ, ба мисли Рӯзи дави миллӣ ва Рӯзи олимпӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Ҳоло варзишгарони мо барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия талош доранд. Варзишгари машҳури мо гурзпарто Дилшод Назаров аввалин шуда, аз байни варзишгарони Тоҷикистон соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 гардидааст.
Инчунин то имрӯз боз ду варзишгари тоҷик — паҳлавонони маъруфи мо Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар риштаи дзюдо ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф шудаанд.
Ҳамватанони азиз, итминони комил дорам, ки Рӯзи олимпӣ бо паёми тоза ба хонадони ҳар яки шумо ворид шуда, навиди илҳомбахши кору таҳсил ва фаъолияти эҷодиатон мегардад. Дар ин рӯз олимпичиён, варзишгарон ва дӯстдорони варзишро табрик намуда, ба ҳамаи шумо комёбию пирӯзиҳо орзу менамоям. Ҳамеша тансиҳату хонаобод бошед».








БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд






