Ҳалокати пиёдагардон дар садамаҳои нақлиётӣ

Июнь 17, 2016 11:49

Душанбе, 17.06.2016 /АМИТ Ховар/. 15 июн ронандаи мошини номаълум ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент, дар рӯ ба рӯи Варзишгоҳи марказии шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада,  марди 60-солаи сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст, ки дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи мошини тамғаи ГАЗ-3102, марди 23-солаи сокини шаҳри Панҷакент дастгир карда шуд.
16 июн ронандаи  мошини тамғаи Хундай-Старекс, марди 29-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Борбад аз тарафи кӯчаи Шестопалов ба тарафи кӯчаи Абай, дар рӯ ба рӯи кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, марди 35-солаи сокини ноҳияи Восеъро пахш намудааст. Пиёдагард дар натиҷа ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Июнь 17, 2016 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад