Ҳангома дар Ҷоми Амрико: дастаи мунтахаби Бразилия аз Перу шикаст хӯрд ва доварон голи бо дастзадашударо ҳисоб карданд

Июнь 13, 2016 15:47

Душанбе,13.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи футболи Ҷоми Амрико кам ҳолате рух додааст, ки дастаи мунтахаби Бразилия ҳунарнамоиашро дар марҳалаи гурӯҳӣ ба анҷом расонида бошад. Ҳанӯз соли 1983 барзилиягиҳо дар бозиҳои Ҷоми Амрико, ки дар Аргентина гузаштаанд, ба чунин ҳол гирифтор шуда буданд.  Ин навбат дар бозиҳои ҷашнии Ҷоми Амрико, ки ба 100-солагиаш бахшида шудааст, тими мунтахаби Бразилия дар гурӯҳи «Б»  дар бозии охиринаш аз дастаи мунтахаби Перу бо натиҷаи 1:0 мағлуб шуд ва ҳаққи муборизаро барои Ҷом аз даст дод. Барои ба даври дигар гузаштани «Селесао» натиҷаи мусовӣ кофӣ буд, аммо голи бо дастзадаи Раул Руидиас дар дақиқаи 75 онҳоро аз бозиҳои минбаъда дар канор кард.
Расонаҳои хабарии ҷаҳон имрӯз дар бораи хатои доварон бо роҳбарии Андрес Куня, ки голи бо дастзадашударо дар ин бозӣ дуруст ҳисобиданд, изҳори нигаронӣ мекунанд, ки дар асри 21 зиндагӣ карда, ба чунин иштибоҳ роҳ додани доварон номумкин аст. Замоне фаро расидааст, ки дар чунин ҳолатҳои баҳсбарангез ба такрори наворҳои видеоӣ рӯ орем.То он замоне, ки масъулони бозии футбол ин масъаларо ҳалл накунанд, чунин хатоҳо борҳо такрор хоҳанд шуд.
Дар ин гурӯҳ тими мунтахаби Эквадор бар Гаитӣ бо натиҷаи калони 4:0 пирӯз шуда ба даври ¼- ниҳоӣ роҳхат гирифт.
Ба ҳамин тартиб, аз гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби Амрико ва Колумбия низ озими бозиҳои ¼- ниҳоӣ шуданд. Новобаста ба бозиҳои даври сеюм, ки дар гурӯҳи «С» субҳи оянда барпо мегарданд, дастаҳои мунтахаби Мексика ва Венесуэла пеш аз муҳлат чунин ҳуқуқро пайдо кардаанд. Дар гурӯҳи «Д» Аргентина дар ҷои аввал аст ва барои роҳхати дуввум дастаҳои мунтахаби Чили ва Панама 15 июн бо ҳам қувва меозмоянд.

Июнь 13, 2016 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад