Анвар Юнусов ба даври ниҳоии мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ роҳ ёфт

Июнь 25, 2016 10:21

Душанбе, 25.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Анвар Юнусов, варзишгари маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.
Хадамоти матбуотии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Анвар Юнусов дар ин мусобиқа, ки дар пойтахти Озарбойҷон – Боку — ҷараён дорад, дар вазни то 60 кило дар даври ниманиҳоӣ бегоҳи ҷумъаи 24 июн бар Ҷун Шан аз Чин бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард.

Ҳамин тариқ, Анвар Юнусов муборизаро барои унвони қаҳрамони мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ дар Боку  идома медиҳад. Рақиби ӯ дар финал Энрико Лакруз аз Нидерланд  мебошад. Сарфи назар аз натиҷаи қувваозмоии ниҳоӣ, ки бегоҳи имрӯз, 25 июн баргузор мешавад, муштзани пуртаҷрибаи тоҷик ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф гашт, зеро ки ӯ ҳадди ақал ҷойи дувумро мегирад.

Ба ин тартиб, дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ дар Боку аз ҳашт муштзани тоҷик танҳо як нафар — Анвар Юнусов — соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-2016 шуд.

Бояд тазаккур дод, то имрӯз панҷ варзишгари тоҷик ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мушарраф шудаанд.

Ёдовар мешавем, варзишгари машҳури тоҷик Дилшод Назаров аввалин шуда аз байни варзишгарони Тоҷикистон соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 гардидааст. Олимпиадаи Рио барои гурзандози тоҷик Олимпиадаи чаҳорум ҳисоб мешавад.

Баъдан ду паҳлавони тоҷик — Комроншоҳи Устопириёнва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов  — дар риштаи дзюдо ҳуқуқи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016-ро ба даст оварданд. Ҳарду барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ ширкат хоҳанд кард.

Июнь 25, 2016 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад