Ҷавонон бар зидди ифротгароӣ

Июнь 21, 2016 14:53

Душанбе, 21.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 34-и шаҳри Душанбе миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мавзӯи «Ҷавонон бар зидди ифротгароӣ» озмуни иншои беҳтарин баргузор гардид.
Озмуни мазкур бо ибтикори  Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар доираи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018» барои баланд бардоштании ҳисси хештаншиносии ҷавонон, пешгирии зуҳуроти номатлуб дар байни ҷавонону наврасон ва нагаравидани онҳо ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ роҳандозӣ  шуд.
— Ҳадаф аз баргузории озмун рушди фаъолияти эҷодии хонандагон, дарёфти истеъдодҳои ҷавон, рушди сифати таҳсилот, тарбияи ватанпарастии ҷавонон ва ҳавасмандии моддию маънавии онҳо мебошад, — зикр намуд Сайалӣ Шаҳобов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии  ноҳияи Исмоили Сомонӣ.
Ба ғолибон ва 10 нафари дигар барои навиштани иншои беҳтарин Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи И.Сомонӣ супорида шуданд.

Июнь 21, 2016 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад