Ба истифода додани бинои нави истиқоматии 5-ошёна дар маркази шаҳри Ваҳдат

Июнь 4, 2016 07:50

Душанбе, 04.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз иштирок дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави истиқоматии 5-ошёна дар маркази шаҳр оғоз гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои хуштарҳу замонавии истиқоматиро мавриди истифода қарор дода аз амали созандаи соҳибкори маҳаллӣ дар бунёди ин иншоот ситоиш кард.

Бинои баланошёнаи истиқоматию хизматрасонӣ дар давоми 18 моҳ аз ҷониби соҳибкор Файзиев Инъомҷон дар якҷоягӣ бо фарзандони тоҷираш бунёд гардида идомаи тадбирҳои муваффақи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши дастгирии соҳибкории хурду миёнаи ватанӣ ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ҳамин мавзеи бинои баландошёна сохта шуда манзили якошёна ҷой дошт, ки барои соҳибмулк зиндагӣ бо фарзандону наздикон дар он аз лиҳози масоҳат ва ҳуҷраҳои зист носозгор буд. Бо истифодаи оқилонаи замини дар ихтиёр дошта соҳибкор на танҳо дар таъмини наздикону пайвандони худ бо ҷойи зист ҳамзамон дар муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ барои сокинони шаҳр муваффақ гардид.

Дар ошёнаи якуми бино ошхонаи замонавӣ дар ошёнаи дуюм маркази савдо ва дар ошёнаи сеюм коргоҳи дузандагӣ барои касбомӯзии панҷоҳ нафар ҷавондухтарон бунёд гардида ошёнаҳои чорум ва панҷум ҳамчун манзили зист пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин бинои хушсохт Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни хурсандии 10 ҷуфт навхонадорон ва хатнатуйи 24 нафар фарзандони ятим ва аз оилаҳои камбизоат иштирок карда ҳамаи онҳоро ба муносибати санаҳои таърихии давлату миллат- ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.

Июнь 4, 2016 07:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд