Баргузории тренинги омӯзишӣ байни донишҷӯён

Июнь 4, 2016 11:08

Душанбе, 4.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 3 июн   дар  КВД  Маркази  ҷумҳуриявии  фарҳангии  ҷавонон «Ориёно»  бо ташаббуси  Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон бо мақсади татбиқи  Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ»   тренинги омӯзишӣ баргузор гардид.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар тренинг зиёда аз 60 нафар донишҷӯ- волонтёрон аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода иштирок намуданд.
Муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода ва Раиси Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон Зубайдулло Маҳмадуллоев ба иштирокдорон оид ба фаъолияти ҳаракати волонтёрӣ, ҳуқуқу манфият ва уҳдадориҳои он суҳбати озод доир намуданд.
Ҳадаф аз баргузории тренинги мазкур ин, ташаккули фаъолияти волонтёрӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва бар ин васила истифодаи самараноки нерӯи амалии донишҷӯён дар корҳои ҷамъиятию манфиатбахши ҷомеа ва ҳидоят сохтани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстию хайрхоҳӣ нисбат ба қишри ниёзмандӣ ҷомеа мебошад  иброз намуд, Нодира Қаҳорова  сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон .

Июнь 4, 2016 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад