Барои воридоти маснуоти заргарӣ пардохтҳои махсуси гумрукӣ муқаррар мегарданд

Июнь 30, 2016 15:19

Душанбе, 30.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Президенти кишвар дар  мавриди ворид намудани илова ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Буҷети  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016»-ро баррасӣ ва қабул намуд. Тибқи он воридоти маснуоти заргарӣ аз хориҷа  ба кишвар аз андоз аз арзиши иловашуда,  аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда шуда, минбаъд ҳангоми воридоти маснуоти заргарӣ пардохтҳои махсуси гумрукӣ барои воридоти як грамм маснуоти заргарии металли тилло ба андозаи 18 сомонӣ ва барои воридоти як грамм маснуоти заргарии аз металли нуқра сохташуда 3,6 сомонӣ муқаррар карда шудаанд.
Ҷамшед Каримзода, муовини авали  вазири молияи ҷумҳурӣ дар назди вакилони Парлумон зикр кард, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади роҳ надодан ба қочоқи  маснуоти  заргарӣ аз хориҷа ба кишвар, кам кардани андозаи пардохтҳои гумрукӣ ба он, ҷилавгирӣ аз ҳолатҳои коррупсионӣ, паҳн нагардидани маснуоти пастсифати заргарӣ дар кишвар ва ҷалби бештари маблағҳо ба буҷети давлатӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст. Ҷамшед Каримзода таъкид кард, ки вазъи гардиши савдои бозори  маснуоти заргарӣ дар кишвар ташвишовар буда, ба расмиятдарории боҷи гумрукӣ дар воридоти  воқеии маснуоти заргарӣ бо назардошти талаботи иқтисодиёт ва рушди соҳибкорӣ такмил ва дастгирии давлатиро тақозо менамояд. Мавсуф зикр кард, ки аз таъсири буҳрони молиявӣ ҳолати харидории маснуоти  заргарӣ дар дохили кишвар паст гардида, вазъиятро мушкил сохтааст. Таҳлили нишондиҳандаҳои барасмиятдарории маснуоти заргарӣ дар солҳои охир бозгӯи он аст, ки ҳангоми воридоти маснуоти заргарӣ  бо сабаби баланд будани пардохтҳои давлатӣ хароҷоти  интиқолӣ аз 40 то 42 % -и арзиши моли  воридгардидаро дар бар мегирад, ки ба таври қочоқ воридшавии маснуоти заргарӣ афзоиш ёфтааст.
Ба андешаи муовини вазири молияи кишвар, ҳолати мазкур сабаби рушди бозори пинҳонии хариду фурӯши маснуоти заргарӣ шуда,  омилҳои коррупсиониро дар ҷомеа ба миён оварда истодааст. Ҷамшед Каримзода афзуд, ки танҳо дар зарфи 9 моҳи соли 2015 тавассути хатсайри  ҳавоӣ аз Туркия  соҳибкорони ватанӣ беш аз 700 кг маснуоти заргарии тилло ворид намудаанд, ки танҳо 15 кг он аз қайди  давлатӣ гузаронида шуда, 2,1% ҳаҷми умумии  молҳои воридгардидаро ташкил медиҳад.
Ба расмияти  гумрукӣ надаровардани  685 кг маснуоти  заргарии  бо роҳи қоҷоқ воридгардида сабаб шудааст, ки ба ҳисоби миёна беш аз 39,7 миллион сомонӣ ё 5,9 миллион $ пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети кишвар ворид нагардидаанд,- таъкид кард муовини аввали вазири молия.
Зикр гардид, ки алҳол 97,5 % гардиши савдои бозори  маснуоти заргарии кишварро  маснуоти  заргарии  истеҳсоли кишварҳои хориҷӣ ташкил дода, танҳо 2,5 % он  ба истеҳсоли ватанӣ марбут аст.
Дар посух ба эродҳои Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон  Хуршед Каримзода, муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ гуфт, ки қочоқи маснуоти заргарӣ масъалаи мубрами рӯз буда, пардохтҳои гумрукии маснуоти заргарии аз хориҷа воридгардида, дар қиёс бо дигар кишварҳо гарон, яъне то 39% ва пардохтҳои умумӣ аз ҳисоби воридоти маснуоти заргарӣ  ба буҷет то 42%-ро ташкил медод. Ин омилҳо замина фароҳам меоварданд, ки соҳибкорон даст ба қочоқ зананд. Хуршед Каримзода афзуд, ки Хадамоти гумруки кишвар дар фурудгоҳҳо таҷҳизоте надорад, ки  ҳангоми гузаштани мусофирон дар бадани онҳо  ҳар чизи мавҷудбударо ошкор намояд. Ва ё тибқи  Кодекси гумрук тамоми мусофиронро аз муоинаи гумрукӣ гузаронидан пешбинӣ нашудааст ва ин ғайриимкон мебошад. Муовини аввали сардори Хадамоти гумруки кишвар тасдиқ кард,  ки қочоқи маснуоти заргарӣ аз хориҷи кишвар вуҷуд дорад ва минбаъд бо кам кардани пардохтҳои гумрукӣ ин масъала роҳи ҳалли худро хоҳад ёфт.

Июнь 30, 2016 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст