Баррасии ҷараёни татбиқи лоиҳа дар бахши обуҳавошиносии кишвар
Душанбе, 10.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Татбиқи лоиҳаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд доир ба «Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ» имрӯз дар Душанбе зимни муҳокимаи парлумонӣ, ки дар ҳузури Акрамшо Фелалиев-муовини раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, баррасӣ шуд.
Зикр гардид, ки маблағи умумии лоиҳаи мазкур, ки 13 миллион $-ро ташкил медиҳад, соли 2012 оғоз ёфта, соли 2018 ба анҷом мерасад. Лоиҳаи мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ барои амалигардонии маҷмӯи чорабиниҳо ҷиҳати таъмини рушд ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии мақомоти обуҳавошиносӣ, мубодилаи маълумот, барқарорсозии инфрасохтор ва омода намудани мутахассисони соҳавӣ равона гардидааст.
Зикр шуд, ки чанде пеш вакилони Маҷлиси намояндагон аз дидбонгоҳҳои обсанҷӣ ва истгоҳҳои ҳавосанҷии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ҳисор, Шаҳринав, Варзоб, Айнӣ ва Панҷакент боздид намуда, бо ҷараёнии корҳои дар доираи лоиҳаи мазкур татбиқшаванда шинос гардиданд. Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур дар зарфи чор соли охир дидбонгоҳҳои обсанҷӣ ва истгоҳҳои ҳавосанҷӣ бо таҷҳизоти нави замонавии бо компютерҳо таҷҳизонидашуда васл гардидаанд.
Инчунин таъкид шуд, ки дар соҳа мушкилоте мавҷуданд, ки ба дастгирӣ ниёз доранд. Алҳол дар Тоҷикистон дар соҳаи гидрометериология 96 дидбонгоҳи обсанҷӣ ва 54 истгоҳи ҳавосанҷӣ бо теъдоди умумии 796 нафар корманд фаъолият доранд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






