Бо ташаббуси Суди конститутсионӣ ба ифтихори таҷлили 25- солагии Истиқлолияти давлатӣ суҳбат баргузор мегардад

Июнь 23, 2016 14:59

Душанбе, 23.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар Душанбе ба ифтихори таҷлили 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Суди конститутсионӣ зодаи Истиқлолияти давлатӣ» суҳбати созанда баргузор мегардад. Иштирокдорони маҳфил оид ба такмили қонунгузорӣ, ташаккули судҳои иқтисодӣ, беҳтар шудани нақши ҳокимияти судӣ дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва дигар дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат андешаҳои худро баён намуда, аз рушд ёфтани соҳаҳои молия, фарҳанг, соҳибкорӣ  паҳлӯҳои гуногуни ҷомеаи муосир бо нишон додани арқому далелҳо маърӯзаҳо ироа мекунанд.
Дар назар дошта шудааст, ки намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ Содиқ Шоназаров низ бо паёми ифтитоҳӣ дар ин маҳфил иштирок кунад. Иштирокдорони суҳбати «мизи мудаввар» бо маърӯза ва мулоҳизаҳои М. Раҳимзода,  директори Маркази миллии қонунгузорӣ, Ш.Салимзода,  директори Агентии назорати маводи нашъаовар, М. Кенҷазода,  судяи Суди Олӣ ва коршиносону мутахассисони соҳа дар мавзӯи Истиқлолияти давлатӣ шинос мешаванд.
Мавриди ёдрасист, ки имсол дар саросари мамлакат 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар фазои сулҳу ваҳдат бо шаҳомати хосса ва ифтихори шоиста аз Ватану ватандорӣ ҷашн гирифта мешавад.

Июнь 23, 2016 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад