Д. Пирназарзода: Яке аз роҳҳои пешгирии вуруди молу маҳсулоти ғайристандартӣ ва ҳимояи бозори истеъмолӣ дар дасти худи истеъмолкунандагон мебошад
Душанбе, 14.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳифзи бозори истеъмолии мамлакат аз молҳои пастсифат, ба ин васила эмин нигоҳ доштани саломатии сокинон хусусан аз маҳсулоти ғизоӣ ва таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон рисолати аслии кормандони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мебошад. Дар ин самт аз ҷониби Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои «Точикстандарт» дар вилояти Хатлон чӣ тадбирҳо роҳандозӣ мешаванд ва кадом натиҷаҳо ба даст омадаанд? Дар посух ба ин ва саволҳои дигари хабарнигори АМИТ «Ховар» директори марказ Диловар Пирназарзода чунин посух дод:
Д. Пирназарзода: Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатро дар ҳифзи бозори истеъмолӣ аз молу мањсулоти пастсифат ва ѓайристандартї, инчунин ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон амалӣ менамояд.
Дар давоми панҷ моҳи соли 2016 баҳри иҷрои талаботи қонунгузории ҷорӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои муайяне ба сомон расонида шуданд.
Дар ин замина бо мақсади роҳ надодан ба воридоти маҳсулоти пастсифати гӯшт ва тухми мурғ аз хориҷи кишвар, бо воридкунандагони ин навъи маҳсулот вохӯрӣ доир гардид ва ҷиҳати минбаъд манъ гардидани воридоти тухм таъкид ба амал оварда шуд. Айни замон аз тарафи Агентии Тоҷикстандарт воридоти тухм ва пӯсти мурғ ва ҳамчунин чарбуи чорво аз хориҷи кишвар пурра манъ карда шуда, илова бар ин, барои манъ намудани воридоти равғани нахл тадбирҳо андешида шуда истодаанд.
Бояд зикр намуд, ки ҷиҳати ба танзим даровародани истеҳсол, фурӯш, барориш, таҳвил ва истифодаи молу маҳсулот то имрӯз аз тарафи Агентии Тоҷикстандарт 13 регламенти техникӣ таҳия гардида ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудаанд, ки айни ҳол мавриди амал қарор доранд ва мутахассисони Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон иҷрои талаботи регламентҳои техникиро дар амал татбиқ намуда истодаанд.
Оид ба ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти зарарнок, аз ҷумла бозичаҳои пластикӣ ва қандакҳои чинии воридотӣ нозирони марказ дар бозорҳо ва нуқтаҳои савдо санҷиш гузаронида, ба миқдори зиёда аз 1300 дона бозичаҳои кӯдакона, 500 кг қандакҳои чинӣ, ки ба тариқи қочоқ ба қаламрави кишвар ворид шудаанд, ошкор ва аз муомилот гирифта шуданд. Баъди гузаронидани ташхис маълум кардем, ки ҳамаи он ғайристандартӣ ва ба саломатии кӯдакон зарароваранд. Ин қандакҳо дар борҷомаҳое гирифта шудаанд, ки барои кӯдакон диққатҷалбкунанда, вале зарароваранд. Азбаски нархаш арзон аст, волидайн барои кӯдакон онро бештар мехаранд. Аз фурсат истифода карда, аз падару модарон хоҳиш менамоям, ки аз харидории ин гуна маҳсулот худдорӣ намоянд, чунки онҳо метавонанд боиси пайдо шудани ҳар гуна бемориҳо дар бадани кӯдакон шаванд. Марказ нисбат ба воридкунандагон ва соҳибкороне, ки ин маҳсулотро бе ҳуҷҷати тасдиққунандаи сифат ва бехатарӣ ба муомилот баровардаанд, тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тадбирҳои мушаххас меандешад ва айни замон корҳо дар ин самт идома доранд.
Ховар: Дар фасли тобистон ҳаво хеле гарм мешавад. Ҳарчанд, ки дар борҷома муҳлати истеъмоли баъзе маҳсулот то моҳи декабри соли ҷорист, бо сабаби риоя нагардидани талаботи нигоҳдорӣ дар сардхона, яъне номутобиқатии ҳарорати муқарраршуда маҳсулот вайрон ва истифодаи он хатарнок мегардад. Кормандони марказ дар ин самт чӣ тадбирҳо андешида истодааст?
Д. Пирназарзода: Қабл аз ҳама корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудаанд ва дар баробари ин аз тарафи мутахассисони марказ санҷишҳо гузаронида шуданд. Дар ин раванд ба якчанд фурӯшандагон амрияҳои манъи фурӯш ва чораҳои маъмурӣ дода шуданд. Аз ҷумла, дар давоми моҳи майи соли равон ба миқдори 1000 дал нӯшокиҳои ғайриспиртии ширкати «Coca Cola» бинобар сабаби муҳлати истеъмолияшон гузаштан тибқи тартиби муқарраргардида нобуд карда шуданд. Он обҳои ташнагишиканеро, ки дар атрофи кӯчаю бозорҳо, дар ҷойҳои гарм бе риояи талаботи «Тоҷикстандарт» ба фурӯш гузошта шудааст, аз муомилот гирифта, нобуд мекунем, вале то ҳол ин мушкилот дар бозори истеъмолӣ ҷой дорад.
Чандин маротиба Президенти мамлакат, Пешвои миллат дар минбарҳои баланди СММ аз захираҳо ва обҳои ташнагишикани шифобахш, ки дар ҳудуди Тоҷикистон фаровонанд, суханронӣ карданд. Вале чаро мо боз пойбанди воридоти об аз хориҷи кишвар ҳастем? Магар обҳои мо аз обҳои дигар давлатҳо камӣ доранд? Аз рӯйи маълумоти дастрасшуда, ҳоло дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 800 чашмаи шифобахш мавҷуд аст, вале бозори беруна дар дохили кишвар гарм аст.
Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои об дар миқёси ҷаҳон мавқеи намоёнро касб мекунад. Махсусан, обҳои сарду ташнагишикан ва шифобахш, ки дар минтақаҳои гуногуни кишвар хеле фаровонанд. Мардуми маҳаллӣ дар бораи сарчашмаҳои табобатии он маълумот ҳам доранд. Ман ба истеъмолкунандагон тавсия медиҳам, ки аз обҳои сарду ташнагишикан ва шифобахши кишвар истеъмол намоянд, то саломатии онҳо эмин нигоҳ дошта шавад.
Ховар: Тамоюли ошкор намудани маҳсулоти ғайристандартӣ нисбат ба солҳои қаблӣ дар кишвар афзоиш ёфт, сабаб дар чист ва аз аввали соли равон то кунун чӣ миқдор маҳсулоти пастсифат ошкор гардид?
Д. Пирназарзода: Новобаста ба санҷишу чорабиниҳои тарғиботию фаҳмондадиҳии мутахассисони марказ ҳоло ҳам дар марказҳои савдо, нуқтаҳои фурӯш, бозорҳо ва анборҳои нигоҳдории маҳсулот баъзе аз соҳибкорону тоҷирони бемасъулиятию хунукназарӣ зоҳир менамоянд, манфиати шахсии хешро болотар аз манфиати ҷомеа медонанд, дидаю дониста ба воридоту истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти ғайристандартӣ машғуланд, ки ислоҳи онҳо, пеш аз ҳама, ба ҳисси миллатдӯстӣ, масъулият ва виҷдони соҳибкорону фурӯшандагон вобаста аст.
Дар ин давра баҳри таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон 11 аризаи шифоњию хаттии шикоятии шаҳрвандон, ки мазмуни аксарияти онҳо аз паст будани сифати молу маҳсулот ва фиреби харидорон иборат мебошад, ба таври мусбат ҳалли худро ёфтанд. Бо назардошти пешгирии воридоти маҳсулоти озуқавории бесифат ба бозори истеъмолӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ миқдори калони маҳсулоти гуногуни муҳлати истеъмолиашон гузашта ошкор шудааст. Дар ин давра дар озмоишгоҳи ташхисии маҳсулоти ғизоии марказ аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ 8012 кг маҳсулоти гуштӣ, 54 100 кг равғани растанӣ, 300 кг маҳсулоти макаронӣ, 121 дал нӯшокиҳои спиртӣ, 1600 дал нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 321 кг маҳсулоти қаннодӣ, 100 кг маҳсулоти ширӣ, 150 кг консерваҳо, 76 745 кг чой, 181 кг хамиртуруш (дрож), 34 кг моеи шустушӯӣ ва дигар маҳсулот, ки қисми зиёдашон маҳсулоти воридотӣ ба ҳисоб мераванд, ғайристандартӣ дониста шуда, тибқи тартиби муқарраргардида нисбат ба соҳибкорони воридкунандаи ин маҳсулот тадбирҳои маъмурӣ андешида шуданд.
Ховар: Боиси таассуф аст, ки ҳоло ҳам баъзе аз соҳибкорон барои фоидаи муфт ба даст овардан молу маҳсулоти хатарнок ва ғайристандартӣ ворид менамоянд. Дар марказҳои савдо, нуқтаҳои фурӯш, бозорҳо ва анборҳои нигоҳдории маҳсулот камбудию норасоиҳо ба чашм мерасанд. Дар мавриди мушоҳида намудани чунин амалҳо мардум ба куҷо муроҷиат мекунад. Оё шумо телефони боварӣ доред?
Д. Пирназарзода: Имрӯз баъзе аз соҳибкорон барои фоидаи муфт ба даст овардан бемасъулиятӣ зоҳир намуда, ба бозори истеъмолӣ молу маҳсулоти хатарнок ва ғайристандартӣ ворид менамоянд.
Мақомоти «Тоҷикстандарт» тариқи ВАО бо истеъмокунандагон корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондааст.
Илова бар ин, сомонаи интернетии (www.standard.tj, e-mail: hatlonstandard@mail.ru ва телефони боварии (83222) 361-71, 361-72, 283-16 доимо фаъоланд ва арзу шикояти шаҳрвандонро қабул менамоянд.
Инчунин дар маҷаллаи соҳавии «Стандарт ва сифат» низ телефони боварии мо дарҷ гардидааст ва гӯшаи махсус барои истеъмолкунандагон мавҷуд аст.
Дар бозорҳои минтақа ва марказҳои савдо овезаҳои «Тоҷикстандарт огоҳ мекунад» насб карда шудаанд, ки ҳангоми харидории молу маҳсулот ва пайдо гардидани ҳолатҳои баҳсталаб ба мақомоти Агентии Тоҷикстандарт муроҷиат намудани истеъмолкунандагон сабт шудааст.
Ховар: Дар вақти харидани маҳсулот ба истеъмолкунандагон чӣ тавсия медиҳед?
Д. Пирназарзода: Зикр кардан ба маврид аст, ки яке аз роҳҳои пешгирии вуруди молу маҳсулоти ғайристандартӣ ва ҳимояи бозори истеъмолӣ-ин дар дасти худи истеъмолкунандагон мебошад. Вобаста ба ин, аз ҷониби мутахассисони ботаҷрибаи марказ мунтазам дар муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи вилоят баҳри баланд бардоштани савияи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва интихоби молу маҳсулот вохӯриҳо гузаронида мешаванд.
Аз ин лиҳоз ба истеъмолкунандагон тавсия дода мешавад, ки дар вақти харидорӣ намудани ин ё он намуди маҳсулот, пеш аз ҳама, ба санаи истеҳсол, муҳлати истеъмолӣ ва тарзи нигоҳдории он эътибор дода, ҳамзамон аз фурӯшандагон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифат ва бехатарии маҳсулотро талаб намуда, гирифтани чиптаи хазинавиро фаромӯш насозанд. Ногуфта намонад, ки саломатии ҳар як шахс дар дасти худи ӯст.
-Ташаккур барои суҳбат.
Мусоҳиб Мавҷуда Анварӣ