Дар Ёвон рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд

Июнь 25, 2016 11:34

Ёвон, 25.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз сокинони ноҳияи Ёвон чун дигар сокинони кишвар дар Боғи фарҳангии ноҳияи Ёвон ҷашни 19 солагии рӯзи Ваҳдати миллиро бо шукргузорӣ аз сулҳу субот бошукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд.
Раиси ноҳия Амирбеки Темур зимни суханронӣ сокинон ва меҳмононро бо ин рӯзи таърихӣ табрик намуда, зикр кард, ки  дар ноҳияи Ёвон бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ истиқбол гирифтани ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 25 солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои созандагиву ободонӣ, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, сохтмон ва таъмиру тармими роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявию маҳаллидошта, пулҳо, биною иншоот, муассисаҳои соҳаи маориф ва фарҳанг, баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси ҷойи кори иловагӣ, кабудизоркунии гулгаштҳо, кўчаву хиёбонҳо, боғҳои фароғативу истироҳатӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи доимӣ қарор гирифта, дар ин самт корҳои ташвиқотӣ-тарғиботӣ, эҷодӣ ва омӯзишӣ, ки ба мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ, ватандўстӣ, меҳанпарастӣ, ободкорӣ нигаронида шудааст, ба роҳ монда шудааст.
Санъаткорони шуъбаи фарҳанги ноҳия бо барномаи фарҳангӣ хотири иштирокчиёнро болида гардониданд.

Июнь 25, 2016 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад