Хоруғ: Базми ваҳдату ҳамгироӣ дар Боғи фароғатию фарҳангӣ

Июнь 21, 2016 14:15

Хоруғ, 21.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғ бо ширкати беҳтарин раққосону овозхонҳои кишвар консерти бошукӯҳ баргузор гардид. Мудири бахши фарҳанги шаҳр Шуҳрат Давлатов гуфт, ки аз имрӯз сар карда, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят базми шеъру тарона, дӯстию рафоқат оғоз ёфт ва то он рӯзи 2 июн идома меёбад. Дар консерт ҳунармандони маъруфи кишвар Нигина Амонқулова, Нобовар Чиноров, Таҳмина Ниёзова, Фотима Машрабова, Муҳаммадрофеи Кароматулло, Ақназар Ҳаловат, Соҳиба Давлатшоева, ансамбли тарона ва рақси «Лола» ва «Дарё» ширкат варзиданд.
Мухлисон ҳамеша ин сарояндагони дӯстдоштаи худро  аз оилаи нилгун тамошо мекунанд ва имрӯз бори аввал онҳоро аз наздик диданд. Орзу мекунем, ки мудом дар кишвари мо чунин шодию тараб танинандоз ва дар ҳар хонаводаи тоҷик мудом оромию осудагӣ ҳукмрон бошад.
Чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ аз рӯзи 21 июн оғоз ёфтанд ва дар рӯзи 27 июн бо баргузории барномаи адабию мусиқӣ бо ширкати Пешвои миллат ба поён мерасанд.

Июнь 21, 2016 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад