Иқдоми навбатии ҲХДТ-и Суғд: Гузаштаро наомӯхта, ҳаргиз имрӯзаро натвон сохт

Июнь 27, 2016 10:12

Хуҷанд, 27.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти кумитаи иҷроияи бахши суғдии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон икдоми хуберо пешаи фаъолияти худ кард. Ин навбат бо ҳадафи арҷгузорӣ ва ифтихор аз фарҳангу таърихи пурғановати гузаштагон,  дўст доштани Ватани худ, баланд бардоштани рӯҳияи ватанпарастию, хештаншиносӣ ва нигоҳ доштани анъанаҳои миллӣ ва  ҳамзамон оид ба нақш ва манзалати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу Ваҳдати миллӣ муаррифии китоби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» -ро ба роҳ монд. Дар ин замина тӯли чанд муддат дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизби мазкур, ва ҳамчунин ташкилоту муассисаҳои шаҳру ноҳияҳо мазмуну мундариҷа ва моҳияти он ба иштирокдорон шарҳ дода мешавад.
Ҳадафи иқдоми мазкур -баландбардории хештаншиносии миллӣ, огаҳӣ ёфтан аз таърихи ниёгон ва дар ин замина арҷгузорӣ ба осори гузаштагон аст.

Июнь 27, 2016 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад