Иди нав: 29 сентябр Рӯзи дипломатҳо

Июнь 22, 2016 14:43

Душанбе, 22.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Дар феҳристи иду ҷашнҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як иди  дигар зам гардид. 22 июн вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид намуданд. Тибқи он минбаъд ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 сентябр Рӯзи хизматчиёни дипломатӣ бидуни истироҳат ҷашн гирифта мешавад. Дар санаи 29 сентябр таҷлил намудани Рӯзи дипломатҳо барои мардуми тоҷик ҳамчун санаи таърихӣ арзёбӣ мегардад,  зеро 23 сол муқаддам, аниқтараш 29 сентябри соли 1993 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст аз минбари Созмони Миллали Муттаҳид баромад намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ба оламиён муаррифӣ намуд.

Июнь 22, 2016 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад