Идоракунии кормандон дар шароити муосир

Июнь 13, 2016 15:28

Душанбе, 13.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.    Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва бозомӯзии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Федеролии Олмон барои кормандони низоми бонкии ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Идоракунии кормандон дар шароити муосир» се тренинги омӯзишӣ баргузор намуд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти БМТ хабар доданд, дар доираи тренингҳои мазкур, ки барои роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва мутахассисони низоми бонкии кишвар анҷом ёфт, масъалаҳои «Стратегияи кор бо кадрҳо», «Ҷустуҷӯ ва интихоби кадрҳои нав», «Ҷобаҷокунии кадрҳо», «Баҳодиҳии кадрҳо», «Идоракунии кадрҳо ва муносибат бо кормандон», «Таъсири кадрҳо дар рушди корхона» мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифта, иштирокдорони семинар аз намунаҳои беҳтарини таҷрибаҳои худ вобаста ба муносибат, идоракунӣ ва ҳавасмандгардонии кормандон ба якдигар табодули назар намуданд.
Қобили зикр аст, ки иштирокдорони тренинг дар баробари шинос шудан бо шаклҳои идоракунии ҳамкорони худ, инчунин бо таҷрибаҳои муосири кор дар Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Федеролии Олмон ошно шуданд.

Июнь 13, 2016 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад