Ифтитоҳи беморхонаи деҳаи Тавилдара

Июнь 22, 2016 12:00

Душанбе, 22.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Раиси ноҳияи Ҷайҳун Файзулло Аминзода ва Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард дар маросими ифтитоҳи расмии беморхона дар деҳаи Тавилдараи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ширкат намуданд.
Беморхонаи деҳаи Тавилдара, ки сохтмонаш соли 2015 шурӯъ шудааст, лоиҳаи Гурӯҳи робита бо маъмурияти шаҳрвандӣ ва аҳолии назди Сафорати ИМА буда, мақсад аз он ироаи хидматрасонии тиббӣ ба тақрибан 1200 сокини ин русто мебошад, ки аксарашон аз ноҳияи Тавилдара баъд аз зилзилаи соли 2012 ба ин минтақа кӯчонида шудаанд. Беморхонаи мазкур ягона муассисае мебошад, ки ба мардуми ин маҳал хизмати тиббӣ мерасонад. Қабл аз бунёди ин иншооти нав сокинони деҳа маҷбур буданд барои расидан ба наздиктарин беморхонаи воқеъ дар шаҳраки Дӯстӣ қариб ним соат вақт сарф кунанд.
Зарурати беҳтар сохтани дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ барои сокинони деҳоти ноҳияи Ҷайҳун дар натиҷаи омӯзиши эҳтиёҷоти онҳо аз ҷониби кормандони Гурӯҳи робита бо маъмурияти шаҳрвандӣ ва аҳолии назди Сафорати ИМА бо дастгрии намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ ва намояндагони гурӯҳи рушди ноҳия ба вуҷуд омад. Омӯзиши эҳтиёҷот тавассути мулоқот ва таҳқиқу сафарҳо аз ҷониби кормандони Сафорати ИМА ва намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ гузаронда шуд.
Имсол ба ҳамкории байни ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон 25 сол пур мешавад. Бунёди беморхонаи деҳаи Тавилдара танҳо яке аз лоиҳаҳои сершумор дар раванди ҳамкории Ҳукумати ИМА бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва маърифати мардуми ноҳияи Ҷайҳун мебошад.
Беморхонаи мазкур намунаи воқеии тасмиму тарафдории Ҳукумати ИМА ҷиҳати расонидани кумаку дастгирӣ ба аҳолии осебпазири деҳоти Тоҷикистон аст.

Июнь 22, 2016 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад