Ифтитоҳи қисми низомии навтаъсиси таъиноти махсуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 4, 2016 09:31

Душанбе, 4.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар маросими ифтитоҳи қисми низомии навтаъсиси таъиноти махсуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, ба ҳайати шахсии он Сипоснома ва Байрақи ҷангӣ тақдим намуд.

Зимни ворид гардидан ба қисми низомӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмонро сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми вазири мудофиа генерал-майор Эмомалӣ Собирзода тибқи қоидаҳои низомиён истиқбол гирифт.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳайати шахсӣ арзи салом намуда, сипас маросими супоридани Байрақи ҷангӣ шурӯъ гардид.

Бояд гуфт, ки Байрақи Ҷангӣ ба полкҳо двизионҳо, қисмҳои таълимӣ, муассисаҳои таълимии ҳарбӣ ва дигар воҳидҳои алоҳида супурда мешавад. Зеро Байрақи Ҷангии қисми ҳарбӣ рамзи ифтихор, шуҷоат ва шаъну шарафи ҳарбӣ мебошад.  Он барои ҳар як хизматчии ҳарбӣ баёнгари қарзи муқаддаси хизмати садоқатмандона ба Ватан, мардонавор ва моҳирона муҳофизат намудани он, суботкорона мудофиа кардани ҳар як ваҷаб хоки Ватан ва барои ин мақсад дареғ надоштани хун ва ҳатто ҳаёти худ мебошад.

Байрақи ҷангии қисми ҳарбӣ дар тамоми давраи мавҷудият сарфи назар аз тағйири ному рақами он, дар қисми ҳарбӣ маҳфуз нигоҳ дошта мешавад. Тағйири ном ва рақами қисми ҳарбӣ бо Сипосномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳангоми супоридани Байрақи Ҷангӣ тақдим мегардад, ворид карда мешавад.

Баъд аз тақдими Байрақи ҷангӣ, ҳайати шахсии қисми низомӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомали Раҳмон савганд ёд карданд.

Баъд аз садои Суруди миллӣ командири қисми низомӣ чун оини низомиён таҳти навои Оркестри ҳарбӣ-нафасӣ ва бо қадамҳои мутантан Байрақи ҷангиро аз назди ҳайати шахсӣ гузаронида, онро дар сафи пеш қарор дод.

Зимни баргузории чорабинии мазкур Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳайати шахсии баталиони таиноти махсус суханронӣ намуд.

Баъд аз суханрониҳо бо амри сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми вазири мудофиа расми гузашти низомии афсарону сарбозон доир гардид.

Тавре иттиллоъ дода шуд сохтмони қисми низомии таъиноташ махсус бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомали Раҳмон, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нимаи дуюми соли 2014 оғоз гардида, он дар муддати кўтоҳ яъне давоми камтар аз ду сол мавриди баҳрабардори қарор дода шуд. Ҳаҷми умумии корҳои сохтмонии иҷрогардида, барои бунёду азнавсозии ин қисми низомӣ дар марҳиллаи аввал 16 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки он дорои тамоми шароитҳои хизмативу маишӣ ва ҳам таълимӣ буда, заминаҳои моддиву техникии қисми низомии мазкур ба меъёри ҳарбӣ ҷавобгў аст.

Дар дохили қисми ҳарбӣ бинову иншооти гуногуни ёрирасон аз қабили Ситод, хобгоҳи кушоду барҳаво, ҳамомхонаи сарбозӣ, синфхонаҳои таълимӣ, хонаи дидорбинии волидон, ошхонаи замонавӣ, ки дар як баст метавонад беш аз 200 нафарро фаро гирад сохта шудааст. Илова бар ин толори маҷлисӣ бо 400 ҷойи нишаст, ҳамомхона, анбори озуқаворӣ, хонаҳои хизмати маишиву фароғатӣ, нишастгоҳҳо, майдончаҳои сафороиву қадамзанӣ, техникӣ, тактикиву оташфишонӣ, толору шаҳракҳои муҷаҳҳази варзишӣ, қаровулхона, парки автомобиливу техникаҳои зиреҳпўши ҷангӣ ва дигар иншооти аҳамияти ҳарбидошта иборат аст.

Июнь 4, 2016 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити минтақавии экологӣ дар мавзуи «Диди муштарак барои ояндаи устувор»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши минтақавии экологӣ дар мавзуи «Диди муштарак барои ояндаи устувор» иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо сарони давлатҳо ва ҳайатҳои иштирокдор аз намоишгоҳи Саммити минтақавии экологӣ боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон Ваагн Хачатурян мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд