Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар кори Ассамблеяи генералии Кумитаи доимӣ оид ба ҳамкории илмию техникии СҲИ
Душанбе, 03.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи 30 май ва 1-уми июни соли равон дар шаҳри Исломобод таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн 15-умин Ассамблеяи генералии Кумитаи доимӣ оид ба ҳамкории илмию техникии Созмони ҳамкории исломӣ (COMSTECH) баргузор гардид, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кори он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид роҳбарӣ намуд.
Нуриддин Саид дар Ассамблеяи генералии мазкур изҳор намуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди маориф ва илм диққати махсус дода, ба ин самтҳо 20 фоизи буҷети давлатӣ равона карда мешавад.
Вазир инчунин дар самъи иштироккунандагон оид ба муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ» «Дар бораи паркҳои технологӣ» маълумот дода, оид ба дастовардҳои илмии олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Академияи тиббӣ, Академияи таҳсилот ва даҳҳо пажўҳишгоҳҳои илмӣ-соҳавӣ сухан гуфт.
Хамчунин роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар бораи саҳми фарзандони барўманди миллати тамаддунофари тоҷик, ба мисли Абўалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб, Абўбакри Розӣ дар риштаи кимиё, Муҳаммад Хоразмӣ дар илми риёзӣ, Абўрайҳони Берунӣ дар самти нуҷум нақл намуд, ки онҳо дар хазинаи тиллоии илми инсоният хидматҳои бузург намудаанд.
Дар натиҷаи кори Ассамблеяи мазкур аъзои нави сохторҳои кории Ассамблеяи генералии Кумитаи доимӣ оид ба ҳамкории илмию техникии Созмони ҳамкории исломӣ (COMSTECH) интихоб гардида, санади хотимавии он қабул гардид, ки он дурнамо ва нақшаҳои ҳамкории илмию-техникии давлатҳои аъзоро дар ояндаи наздик пешбинӣ мекунад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






