Истироҳатгоҳи «Чайка» кӯдакону наврасонро ба истироҳату фароғат фаро гирифт

Июнь 20, 2016 10:54

Душанбе, 20.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар қатори дигар истироҳатгоҳҳо, истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Чайка» низ теъдоди муайяни кӯдакону наврасонро аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ба истироҳату фароғат фаро гирифт.
Дар маросими кушодашавии басти аввал, ки бо иҷрои суруди миллӣ ва парафшон гардидани парчами давлатӣ шурӯъ гардид, намояндагони иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва падару модарон иштирок намуданд. Истироҳаткунандагон бо қироати шеъру тарона дар васфи Ватан, ватанпарастӣ, ҳифзи марзу буми он, арзишҳои миллӣ, иҷрои саҳначаҳои тарбиявӣ ва рақсҳои зебо хотири иштирокдоронро болида гардониданд.
Тавре директори истироҳатгоҳ Нигина Ҷӯраева иброз намуд: «Дар истироҳатгоҳ барои истироҳату тадбирҳои варзишӣ ҳавзи шиноварии пӯшидаи замонавӣ сохта шудааст, ки барои насли наврас ҳангоми гармии офтоб хеле зарур ва имконпазир мебошад. Нуқтаи тиббӣ низ барои солимии кӯдакону наврасон  фаъолият менамояд ва ҳамеша истироҳаткунандагонро аз муоинаи тиббӣ мегузаронад. Китобхона бо адабиёти шоирони классику форс дар ихтиёри истироҳаткунандагон аст ва онҳо дар вақти холӣ метавонанд асарҳои бузургонро мутолиа кунанд».
Бояд зикр намуд, ки насли наврас ояндаи миллат аст ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба онҳо диққати лозимӣ равона мекунад.
Дар баробари илмомӯзӣ, ҳамчунин бо роҳбарии мураббии варзиш Пӯлодҷон Ахмедов бозиҳои варзишӣ, аз ҷумла волейбол, шоҳмот, тенниси рӯи миз, футболи хурд ва оббозӣ роҳандозӣ мешаванд.
Ба иттилои масъулин, дар мавсими имсолаи таътил тасмим аст, ки истироҳатгоҳ дар панҷ баст фаъолият намуда, наздик ба 1500 нафар кӯдакро ба истироҳат фаро гирад.
Феълан наздик ба 250 нафар наврас фароғати 12-рӯзаи худро  дар истироҳатгоҳ оғоз намуда,  дар ин давра барои истироҳати дурусти онҳо шароити арзанда фароҳам оварда шудааст. Соли равон дар истироҳатгоҳ барои кӯдакону наврасон ҳавзи шиноварӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шудааст.
Истироҳатгоҳи фароғатии «Чайка» дар дараи хушманзараи Варзоб ҷойгир буда, табиати зебову рангин ва ҳавои  тозаву форами  ин мавзеъ ба фароғати наврасон мусоидат менамояд.

Июнь 20, 2016 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад