Конфронс: «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ»
Душанбе, 11.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Конфронси илмӣ-ҷумҳуриявии «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ» бахшида ба рўзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ шурўъ намуд.
Тавре аз маркази матбуоти АИ ҶТ ба мо хабар доданд, дар кори конфронс 35 нафар олимон ва донишмандони муассисаҳои Академияи илмҳоиҶумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ иштирок намуданд.
Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ оид ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сухан кард
Дар ҷаласаи пленарии конфронс Худобердӣ Холиқназар — директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Баротзода Файзулло, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кароматулло Олимов, ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдураҳмон Муҳаммад, директории Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон маърўзаҳои илмӣ намуда, нақши таърихии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкиму суботи Ваҳдати миллӣ баррасӣ намуданд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






