Курси омӯзишӣ дар Маркази таълимию методии КҲФ

Июнь 4, 2016 11:35

Душанбе, 4.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.    Бо мақсади баланд бардоштани донишу малакаи афсарони ҷавони сохторҳои таркибии Кумитаи ҳолаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши Раиси Кумита  генерал-лейтенант Рустам Назарзода дар Маркази методию таълимӣ курсхои омӯзишӣ ташкил карда шуд.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода аз рафти баргузории машғулиятҳо шинос шуда, бо ҳайати афсарони дар курс ҷалбгардида ҳамсуҳбат шуд.
Ҳамчунин  зимни суҳбат бо афсарон Рустам Назарзода иброз намуд, ки
бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамаи техникаву таҷҳизотҳои соҳавӣ дар сохторҳои таркибии Кумита таъмин гардидаанд ва роҳбарияти Кумита барои баланд бардоштани савияи дониши ҳайати афсарони ҷавон ва дастгирии ҷавонон дар партави супоришҳои Асосгузори сулҳу — Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд.
Қобили зикр аст, ки курси мазкур то 1 июл идома ёфта, дар интиҳо ба афсарони дар курсҳо ҷалбгардида, сертификат  супорида мешавад.

Июнь 4, 2016 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд