Мактаб ба номи сарбози шуҷоъ-Д.Давлатшоев номгузорӣ гардид

Июнь 30, 2016 15:36

Душанбе, 30.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 9-и деҳаи Пушёни миёнаи деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ ба номи яке аз хатмкунандагони арзандаи он Давлатшоҳ Давлатшоев номгузорӣ гардид.
Ба ин муносибат дар саҳни мактаб ҷамъомади тантанавӣ доир шуд.
Раиси ноҳия Мӯсо Ғафурзода зимни пардабардорӣ аз нимпайкараи мавсуф оид ба ҳаёту фаъолияти начандон тӯлонии Д. Давлатшоев изҳорӣ андеша намуда, зикр кард, ки Д. Давлатшоев ҷавони шуҷову ватандӯсте буд, ки баъди хизмати ҳарбӣ шомили гурӯҳи «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гашта, дар муҳорибаҳои дараи Камароби ноҳияи Рашт ба муқобили дастаҳои террористӣ далерию шуҷоат нишон додааст. Марҳум ҳангоми таркиши чархбол дар 22- солагӣ аз дасти душманони Ватан умри ҷавонашро бохт.
Ӯ баъди марг бо ордени «Спитамен», дараҷаи ду қадрдонӣ гардид.

Июнь 30, 2016 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад