Мастона Пардаева «Мураббии беҳтарин»-и озмуни «Маҳорат бе сарҳад» гардид

Июнь 18, 2016 11:04

Душанбе, 18.06.16./АМИТ «Ховар»/.  Дар  озмуни байналмилалии маҳорати касбии мутахассисони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ зери унвони «Маҳорат бе сарҳад» бахшида ба Соли маориф ва 25-солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки  бо ташаббуси кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гузаронида шуд, мураббияи муассисаи таълимии томактабии хусусии «Панда»-и шаҳри Душанбе Мастона Пардаева иштирок намуд.
Озмуни мазкур аз 5 давр иборат буда, аз моҳи январ то моҳи июни соли 2016 баргузор гардид. Мувофиқи талаботи низомнома 4 шарти озмун ба тариқи фосилавӣ гузашта, даври ниҳоӣ — ҷамъбастӣ моҳи  июн бо иштироки ғолибони озмун дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид.
Дар озмун 120 мутахассиси соҳаи таҳсилоти томактабӣ аз кишварҳои узви ИДМ иштирок намуданд. Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мастона Пардаева дар 4 даври аввал шартҳоро бомуваффақият иҷро намуда, бо гирифтани холи баланд ба даври финалии озмун ҳамчун мураббияи беҳтарин даъват гардид.  Баъд  аз ҷамъбасти озмун дар номгӯи «Мураббии беҳтарин» ба гирифтани дипломи ғолиб  ва туҳфаи хотиравӣ  сазовор гардид.
Мастона Пардаева иҷрои шартҳои ҳар  як  даврро  бевосита зери  роҳбарӣ ва маслиҳати  сармутахассиси  раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Иматова ба анҷом расонид  ва ҳамчун «Мутахассиси беҳтарин»  баҳо гирифт.
Озмуни  мазкур бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии мутахассисони соҳаи таҳсилоти томактабӣ бо иштироки намояндагони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

Июнь 18, 2016 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад