Мулоқоти Абдураҳим Қаҳҳоров ва Николай Патрушев дар Москва

Июнь 10, 2016 12:09

Душанбе, 10.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Котиби Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров  бо даъвати Котиби Шўрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев 8-9 июни соли 2016 бо сафари корӣ дар шаҳри Москва қарор дошт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз котиботи шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқоти дуҷониба А. Қаҳҳоров ва Н. Патрушев масъалаҳои вобаста ба таъмини амният,  аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккил, мубодилаи иттилоот, такмил ва рушди  минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаро  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҳошияи ин вохўрӣ, инчунин мулоқоти коршиносони шўроҳои амнияти ду кишвар баргузор гардид, ки дар он сатҳи ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилиҳои мавҷуда, ки ба ҳолати амнияти миллӣ таъсир мерасонанд, масъалаҳои вобаста ба ҷалби шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ дар низоъҳои мусаллаҳона аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ва бозгашти онҳо ба ватан, ҳолат ва дурнамои ҳамкорињои ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ, аз ҷумла бо мақсади муқовимат ба таҳдидҳои аз қаламрави Афғонистон бароянда, мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.

 

 

 

Июнь 10, 2016 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад