Мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ
Душанбе, 25.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ дар назди шумораи зиёди аҳолии водии Язгулом, ки барои мулоқот бо сарвари давлат ҷамъ омада буданд, суханронӣ карда, оид ба вазъи корҳои ободонию созандагӣ, дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқ, комёбиҳои мардуми меҳнаткаши ин водӣ, ҷонибдории мардум аз сиёсати созандаю бобарори Ҳукумати мамлакат андешаронӣ намуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаҳои гуногун ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардуми ноҳияи Ванҷ хоса водии Язгуломро аз баракати сулҳу суботи сартосарӣ, пойдории ваҳдати миллӣ, сиёсати бобарори Ҳукумати мамлакат ва пуштибонии халқ аз он маънидод кард.
Пешвои миллат ба аҳли ҷамоатчигӣ барои заҳмати созандаву фидокорона ва пазироии самимӣ изҳори сипос намуд. Президенти мамлакат иброз дошт, ки водии Язгулом тайи солҳои охир ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, дар рӯзҳои истиқбол аз солгарди навбатии ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ин водӣ бинои бунгоҳи тиббии деҳаи Будун ва бинои шуъбаи минтақавии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ҷамоати деҳоти Язгулом мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Ҳамзамон барои беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, бунёди иншооти таъиноти гуногун аз ҷумла сохтмони толори варзишӣ бо мақсади ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш, муассисаи таҳсилоти ибтидоии рақами 45 ва таҷдиди пурраи Нерӯгоҳи барқии обии деҳаи Андарбак бо маблағи 1 миллион доллари амрикоӣ бо иқтидори 500 киловат соат идома дорад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми водии Язгуломро ба корҳои ободонӣ, рушди соҳаи боғдорию зироаткорӣ, тарбияи ҷавонон, корҳои созандагӣ, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва риояи қонунҳои амалкунанда, даъват намуд.




















Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд






