Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабук

Июнь 16, 2016 16:02

Душанбе, 16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони марказии шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабук баргузор гардида, ҳадафи он  оммавият бахшидан ба намудҳои варзиши сабук ва ҷалби ҳар чӣ бештари ҷавонон ба варзиш буд.
Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабук 7 даста аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Дар  мусобиқа 232 нафар варзишгар дар намудҳои мухталифи варзиши сабук, аз ҷумла давидан ба масофаҳои кӯтоҳ ва дароз, давидан бо монеа, ҷаҳидан, эстафета, партоби саққо, диск ва ғайра байни ҳам рақобат намуданд.
Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабук дар баробари мардон бонувон низ иштироки фаъол доштанд.
Ба гуфтаи масъулини баргузории  чорабинӣ, беҳтарин варзишгарони ин мусобиқа шомили дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳанд шуд. Пас аз анҷоми мусобиқот ба ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм медал ва ифтихорномаҳо супорида шуданд.

Июнь 16, 2016 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд