Намояндагони бахши суғдии ҲҲДТ кӯдакони маъюбу ятимро аёдат карданд
Хуҷанд, 01.06.2016 / АМИТ «Ховар» /. Кумитаи иҷроияи бахши суғдии ҲХДТ боз як иқдоми наҷиберо пеша кард. Ин навбат дар арафаи Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд тасмим гирифт дар ҳамбастагӣ бо гурӯҳи шахсони саховатмандон ба кӯдакони маъюбу ятим туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намояд. Бо ин максад намояндагони кумитаи мазкур баҳри аёдати кӯдакони маюбу ятим ва бепарастор дар Маҷмааи фароғатии Суғд барои 100 нафар кӯдакон дастархони идона оростанд.
Тавре ки ба АМИТ Ховар масъулин аз бахши ташкилии кумитаи вилоятӣ иттилоъ доданд, дар чорабинӣ тарбиятгирандагон аз хона-кӯдакистон ва мактаб-парваришгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои Ҷ. Расулов, Конибодом, Бӯстон ва Хуҷанд ҷамъ омада буданд.
Фирдавс Ҳоҷиев, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИВ ҲХДТ дар вилояти Суғд зимни табрики кӯдакон бо ин ҷашн гуфт, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти бахши суғдии ҲХДТ- ин дастгириву ғамхорӣ нисбат ба шахсони ниёзманд буда, КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд минбаъд низ азм дорад чунин иқдомҳоро идома диҳад. Барномаи рангини консертӣ дар иҷрои ҳофизони шинохтаи вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ табъи кӯдаконро боз ҳам болидатар гардонид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






