Оғози фаъолияти фабрикаи ғанигардонии маъдани ҶДММ «Покрӯд»

Июнь 4, 2016 11:46

Душанбе, 04.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ширкати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат фабрикаи ғанигардонии маъданӣ Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд «Покрӯд» ба фаъолият шуруъ кард.

Фабрикаи мазкур барои коркарди маъдани кӯҳӣ, ки аз он тилои хушсифат истеҳсол карда мешавад бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва дар ҳамкори бо мутахаассисони Ҷумҳурии мардумии Чин бунёд гардидааст. Тибқи хулосаи мутахассисони соҳа захираи тилло дар минтақа барои 35 сол пешбини гардидааст.

Дар фабрикаи мазкур техналогияи ҳоизаразмони саноати истифода гардида, муҳити зистро аз заҳролудшави эмин медорад. Дар наздикии майдони маъданӣ як чанд деҳа мавҷуд аст, ки аҳолии ин деҳаҳо низ ба корҳои иктишофӣ — геологӣ ва истихроҷ иштирок карда истодаанд. Дар маҷмуъ 715 нафар ба кори доими ҷалб гардидаанд, ки аз ин шумора 510 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва 205 нафарашро мутахассисон аз Ҷумҳурии мардумии Чин ташкил медиҳанд. Ҳангоми ба пурагӣ ба роҳ мондани  фаъолияти фабрикаи мазкур имконаст, ки наздики 2 ҳазор нафар бо ҷои кори доимӣ, маоши хубу се вақт хуроки гарм ва сару либоси корӣ таъмин гарданд. Гуфта шуд, ки дар фабрика барои хизматрасонии тиббӣ ба кормандон бунгоҳи тибби муҷаҳаз бо таҷҳизоти зарури фаъолият мекунад. Дар баробари ин гӯруҳӣ наҷотдиҳандагон ташкил гардидааст, ки мутахассисон дар ҳолати рух додани садама дар нақбҳо, ва ё дигар ҳолатҳои хусусияти табииву сунъи дошта кумаки наҷотбахширо саривақт анҷом медиҳанд.

Барои омузиши таркибӣ маъданҳои ихроҷшуда озмоишгоҳ фаъолият мекунад, ки дар баробари мутахассисони чинӣ ҷавонони тоҷикистонӣ низ ба кор ҷалб гардидаанд. Ба сардори давлат иттилоъ расонида шуд, ки корҳои нақбкани аз соли 2012 оғоз гардида то ба имрӯз ба миқтори 19 ҳазор метри тӯлонӣ иҷро гардидааст. Тибқи нақша ҷалби сармояи хориҷӣ барои бунёди фабрикаи ғанигардонии маъданӣ Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд «Покрӯд»  256 милион долари амрикоиро дар бар мегирад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз корҳои анҷом дода шуда ва фаъолияти хуби мутахассисони фабрикаи мазкур изҳори қаноатманди намуда барои бозҳам хуб ба роҳ мондани корҳои иктишофи — гелолгӣ ва истихроҷу истеҳсол дастуру супоришҳои мушахас дода изҳор дошт, ки наметҳои табии бояд, ки ба манфиати миллату давлат истифода шаванд.

Июнь 4, 2016 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд