Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Конибодом муайян гардиданд
Душанбе, 14.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Конибодом бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои бунёдкориву созандагӣ вусъати тоза пайдо мекунанд.
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 6 ҷамоати деҳоти шаҳри Конибодом мусобиқаи шаҳрии оилаи намунавӣ ва хонаи намунавӣ дар моҳҳои апрел-май гузаронида шуд. Аз ҷониби комиссия муайян гардид, ки дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот дар ин самт барои иштирок дар мусобиқа омодагии хуб ба роҳ монда шудааст. Дар мусобиқа тамоми сокинони шаҳри Конибодом ва кумитаҳои маҳаллӣ, деҳаҳо ва ҷамоатҳои деҳот фаъолона ширкат варзиданд.
Дар мусобиқаи «Оилаи намунавӣ» оилаи Кимсановҳо аз ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов беҳтарин дониста шуд. Ҷойи дуюм насиби оилаи Шукуровҳо аз ҷамоати деҳоти Пӯлодон ва ҷойи сеюм насиби оилаи Холматовҳо аз ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ гардид.
Дар мусобиқаи «Хонаи беҳтарин» ҷойи аввал насиби хонаи Наримон Ғиёсов аз ҷамоати деҳоти ба номи Ғ.Ортиқов гардида, ҷойи дуюм ба хонаи Рустам Муродов аз ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев ва ҷойи сеюм ба хонаи Юсуфовҳо аз ҷамоати деҳоти Пӯлодон сазовор дониста шуд.
Дар мусобиқаи «Маҳаллаи беҳтарин» маҳаллаи «Ҷавонон» сазовори мақоми аввал гардид.
«Деҳаи беҳтарин» деҳаи Диловарони ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов дониста шуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






