Озар Орифӣ: «Ваҳдати миллӣ гаронбаҳотарин мерос барои ҷавонони даврони соҳибистиқлолист»

Июнь 16, 2016 12:00

Душанбе,16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ваҳдат бақои миллат ва миллат бақои давлат аст. Ҳар ҷо, ки ваҳдат аст, яқин, он ҷо сулҳу сафо, оромиву осудагӣ, хуррамиву хушҳолӣ, яъне  мисоли ҷаннат аст. Оре, дар ҳақиқат Ваҳдат бақои миллату давлат аст. Чун душманон миллатеро ба вартаи нестӣ ва ё вобастагӣ кашиданӣ мешаванд, сараввал мекӯшанд, ки ваҳдати ин мардумро аз байн баранд. Бо ҳамин ғаразҳои нопок миёни тоҷикон низ оташи ихтилофоти ваҳдатшикан барафрӯхта шуд, вале ин миллати тоҷвар, ки бо шебу фарози таърих бисёр бархӯрд кардаву аз банди басо макру ҳияли кинаваронаш раҳо хӯрда буд, дар марҳилаи навини тақдирсози хеш ба рағми ҳама монеаву талошҳо устуворона истодагарӣ намуда, ваҳдаташро чун гавҳари нобу пок ҳифз намуд ва ин буд, ки ба рӯзгорони саодатбору тарабафзо расид.
Аз ин лиҳоз, санаи 27 июни соли 1997 дар китоби таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст, зеро маҳз ҳамин рӯз «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллии тоҷикон» ба имзо расид, ки дер боз онро тоҷикону тоҷикистониён ва дӯстони бурунмарзии мо интизор буданд. Он замон Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамагӣ 6 сол дошт. Аз рӯзи имзои Созишнома ҳама рӯзу ҳама соат дар ҳаёти сиёсию фарҳангӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишварамон дигаргуниҳои назаррас ба амал омада, нуфузу эътибори Тоҷикистон боз ҳам  боло мегардад.
Ваҳдат аз дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ оғоз меёбад. Хоса, дӯстии айёми наврасию ҷавонӣ мисли нақшест дар санг, ки сутурда намешавад. Дӯстӣ маҳаки хушиҳои зиндагӣ ва асоси комёбиҳо буда, боис мегардад, ки инсон ба мақсадҳои наҷиби худ расад. Бе дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ бо наздикони худ мо наметавонем ваҳдати комилро ба даст оварем. Саҳми ҷавонони соҳибмаърифат барои таъмини ваҳдат бештар бояд бошад. Дӯстии онҳо ҳангоми таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳамкории судманд тавлид меёбад.
Девори устувори истиқрори қасри миллатро бояд мо,  ҷавонони фарҳангсолор бардорем. Аз ин лиҳоз, набояд ҷаҳонбинии мо маҳдуд монад, балки донишамон ба меъёрҳои башарӣ мувофиқат кунад.
Ваҳдат ва ризоияти миллӣ омили шукуфоӣ, тараққиёт, пешрафти ҷомеа буда, дар рушду нумӯи он бештар ҷавонон саҳмгузор буда метавонанд.
Рӯ ба ниёгон овардану ҳисси хештаншиносии миллиро дар худ бедор кардан, фарҳангшиносу санъатпарвар ва инсондӯст будан аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва ҷонии ҷавонони саодатманди диёр маҳсуб мешавад.
Тавре  ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ ҳамеша таъкид мекунанд: «Миллате, ки забон, фарҳанг, таърихи хешро қадр намекунад, пояҳои истиқлолияташро низ дер пуштибонӣ карда наметавонад». Бо дарки ин маънӣ ҷавонони худшиноси миллати мо кӯшиш мекунанд, ки дар чорабиниҳои давлатӣ, фарҳангиву фароғатӣ, бунёдкорию созандагӣ, ҳифзу ободии диёр иштироки доимӣ дошта бошанд. Имрӯз ҷавонони мо дар хориҷ ва дохили кишвар, чӣ аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва чӣ аз ҷиҳати зеҳнӣ  қувваю матонати хешро нишон медиҳанд. Ин бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мо ворисони арзандаи Рӯдакиву Сино, Фирдавсиву Хайём, Саъдиву Ҷомӣ, Робияи Балхиву Дилшоди Барно, Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров ҳастем.
Хештаншиносии мо аз он сарчашма мегирад, ки мардуму Ватани худро дӯст дорему арзишҳои онро гиромӣ дорем. Эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, забони давлатӣ, асъори миллӣ низ асоси худшиносист. Садоқат ба Модар-Ватан, тарғиби фарҳангу анъанаҳои ғанию бостонӣ барои ҳамаҷониба дарк намудани хештаншиносӣ созгор мебошад. Аз ин хотир, минбаъд барои густариш додани дӯстию ваҳдат ва худшиносии миллӣ ҷаҳд бояд кунем.
Инак, нуздаҳ сол мешавад, ки мардуми саодатманди диёр барои рушди ҷомеа ва ваҳдату якдилӣ кӯшиш менамоянд. Хизматҳои бебаҳои фидоиёни ваҳдатро мардуму таърих ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад ва барои ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ шоистаи ибрат ва дарси шуҷоат хоҳад буд.
Муқаддасӣ ва пойдории ваҳдати миллиро таманно мекунем!

Орифӣ Озар Баҳромзода,
мутахассиси Раёсати таъбу нашри
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 16, 2016 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиш-фурӯши маҳсулоти чакандӯзию гулдӯзӣ барои рушди фаъолияти ҳунармандон заминаи мусоид фароҳам меорад
Имрӯз дар Тоҷикистон борон ва раъду барқ дар назар аст
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсия баргузор шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Пешрафти матбуоти маҳаллии шаҳри Ҳисор ба давраи соҳибистиқлолӣ рост меояд
Имконоти рақамӣ барои тиҷорат: аз SMS то шаҳрҳои доно
Имрӯз Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Нақши ВАО дар ҳифзи дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ муҳим мебошад
Дар Бадахшон мусобиқаи вилоятӣ бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъбаст гардид
Дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат ба «Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №1»-и шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб маҳфили «Парвози шоҳин» фаъолият менамояд