Пагоҳ дар ҷумҳурӣ ҳавои гарми бебориш боқӣ хоҳад монд

Июнь 13, 2016 15:29

Душанбе, 13.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи пешгӯии ҳавошиносон то 15 июн дар ҷумҳурӣ ҳавои гарми бебориш боқӣ хоҳад монд.
Бинобар иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон то 15 июн дар  тамоми ноҳияҳои водии  Тоҷикистон ҳавои соф пешгӯӣ шуда,  дар  баъзе ноҳияҳои кӯҳии минтақаи шимолӣ эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.
Пагоҳ, 14 июн дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 23-28, рӯзона 39-44 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳавои бебориш дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии алоҳида боридани борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад. Ҳаво шабона 21-26 ва рӯзона 37-42 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар дошта шуда, ҳаво шабона 17-19, рӯзона 39- 41 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Ҳаво  шабона 17-22 дараҷа, рӯзона 36-41 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15, рӯзона 26-31;  дар шарқи ин вилоят шабона  3-8, рӯзона 13-17 дараҷа гармиро ташкил хоҳад дод.

Июнь 13, 2016 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад