Рашту Сангвору Лахш Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд

Июнь 25, 2016 11:14

Душанбе, 25.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар марказҳои ноҳияҳои Рашт, Сангвор, ва Лахш бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ маҷлисҳои тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он фаъолон, собиқадорон меҳмонон ва ҷавонон фаъолона иштирок намуданд.
Роҳбарони ноҳияҳои мазкур сокинони ноҳияҳо ва меҳмононро бо ин рӯзи таърихӣ табрик намуда, барои пойдорӣ, оромию осудагии кишвар ва чун гаҳвараки чашм нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Дар чорабинӣ зикр гардид, ки дар душвортарин лаҳзаҳои сарнавиштсози миллат фарзанди барӯманд ва номбардори миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдон омаду ватану хоку оби сарзамини бобоигиямонро ҳифз кард ва сулҳу якдигарфаҳмиро барқарор намуд. Ҳамарўза мо тариқи расонаҳои хабарӣ шоҳиди он мегардем, ки бештаре аз давлатҳои дунё ба доми фиреби давлатҳои абарқудрат, ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои террористию экстремистӣ афтода, мустақилияти хешро аз даст дода истодаанд.  Зимни суханронӣ аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки барои ҳифзи ватани азизамон ва оромию осудагии сокинон дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ гардида, кишварамонро аз амалҳои ноҷавонмардонаи хиёнаткорон ҳифз намоем.
Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар марказҳои ин ноҳияҳо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардид. Ҳамчунин ба маъюбону ятимон ва ниёзмандон кумакҳои пулӣ расонида шуд.
Санъаткорони шуъбаҳои фарҳанги ноҳияҳо бо барномаи консертӣ ва ҳазлу шӯхиҳои ҳаҷвнигорӣ хотири сокинонро болида гардониданд.

Июнь 25, 2016 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад