«Шинохти Садриддин Айнӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ» — мавзӯи маҳфили адабиётшиносон
Душанбе, 30.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе бо иштироки олимон, донишмандону муҳаққиқони таъриху адабиёт зери унвони «Шинохти Садриддин Айнӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ» мафҳили навбатии «Гуфтугӯи тамаддунҳо» баргузор мегардад. Ҷамолиддин Саидзода, ходими калони илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон бо маърӯзаи илмӣ оид ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ки давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ ба осори гаронбаҳои Садриддин Айнӣ бахшида шудаанд, баромад мекунад.
Садриддин Айнӣ, ходими шинохтаи илму адаби тоҷик 15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони Бухоро таваллуд шуда, соли 1954 дар шаҳри Душанбе аз олам гузаштааст. Муаллифи нахустин маҷмӯаи «Намунаи адабиёти тоҷик» ва осори адабии «Одина», «Дохунда», «Ғуломон», «Марги судхӯр» ва «Ёддоштҳо» мебошад. Бо талошҳои бевоситаи С.Айнӣ Академияи илмҳои Тоҷикистон ташкил шуда, ҳамчун академик ва президенти нахустини он масъулияти роҳандозии омӯзиш ва таълими академикии илмро дар Тоҷикистон иҷро кардааст.
Мавриди ёдоварист, ки барои хизматҳои шоён дар назди халқу Ватан бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 сентябри соли 1997 ба Садриддин Айни унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуда, калонтарин Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ гузошта шудааст.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






