«Шинохти Садриддин Айнӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ» — мавзӯи маҳфили адабиётшиносон

Июнь 30, 2016 15:35

Душанбе, 30.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Душанбе бо иштироки олимон, донишмандону муҳаққиқони таъриху адабиёт зери унвони «Шинохти Садриддин Айнӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ» мафҳили навбатии «Гуфтугӯи тамаддунҳо» баргузор мегардад. Ҷамолиддин Саидзода, ходими калони илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон бо маърӯзаи илмӣ оид ба  корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ки давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ ба осори гаронбаҳои Садриддин Айнӣ бахшида шудаанд, баромад мекунад.
Садриддин Айнӣ, ходими шинохтаи илму адаби тоҷик 15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони Бухоро таваллуд шуда, соли 1954 дар шаҳри Душанбе аз олам гузаштааст. Муаллифи нахустин маҷмӯаи «Намунаи адабиёти тоҷик» ва осори адабии «Одина», «Дохунда», «Ғуломон», «Марги судхӯр» ва «Ёддоштҳо» мебошад. Бо талошҳои бевоситаи С.Айнӣ Академияи илмҳои Тоҷикистон ташкил шуда, ҳамчун академик ва президенти нахустини он масъулияти роҳандозии омӯзиш ва таълими академикии илмро дар Тоҷикистон   иҷро кардааст.
Мавриди ёдоварист, ки барои хизматҳои шоён дар назди халқу Ватан бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 сентябри соли 1997 ба Садриддин Айни унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуда, калонтарин Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ гузошта шудааст.

Июнь 30, 2016 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид