Ширкатҳои сайёҳӣ ва устоҳои ҳунарҳои дастӣ соҳиби бинои нав шуданд

Июнь 21, 2016 16:55

Хоруғ, 21.06.2016 /АМИТ   «Ховар»/.   Дар канори боғи фарҳангию фароғатии шаҳр ва соҳили рӯдхонаи  Ғунд бинои сетабақа бо тарҳи миллӣ қомат афрохт ва рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ бо ширкати Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон он ифтитоҳ хоҳад шуд. Ин бино ба асотсиатсияи сайёҳии вилоят тааллуқ дошта, сохтмони он соли гузашта оғоз ёфт. Сардори ҶДММ «Помирсохтмон» Азизбек Яқубов, ки бунёди ин биноро ба уҳда дорад, изҳор дошт, ки он аз се ошёна, 15 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ, осорхона, мағоза барои фурӯши маҳсулоти дастии ҳунармандони маҳалӣ, марказҳои иттилоотии сайёҳӣ ва рушди соҳибкорӣ иборат аст.
Раҳбари маркази рушди ҳунарҳои дастии «Де Памири» Ёралӣ Бердов гуфт, ки дар даҳ соли охир бо кумак ва таваҷҷуҳи бевоситаи  Сарвари давлат ҳунарҳои дастӣ  ба таври бесобиқа рушд карданд ва муштариёни зиёдеро дар миёни сайёҳони дохилию хориҷӣ пайдо намудаанд. То ҳол ҳунармандону устоҳои мардумӣ ягон ҷои муайян надоштанд ва дар пайдо кардани харидорон ва ба фурӯш гузоштани  маҳсулоти худ бо мушкилот дучор мешуданд. Акнун ин  монеа аз пеши онҳо бардошта шуд ва онҳо минбаъд буҷаи оилаи худро аз фурӯши маҳсулоти дастиашон бештар ғанӣ месозанд.

Июнь 21, 2016 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад