Сокини шаҳри Ҳисор бо далели қаллобӣ дастгир гардид

Июнь 14, 2016 10:04

Душанбе, 14.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 13 июн пас аз ворид гардидани муроҷиатҳои шаҳрвандон кормандони милитсия марди 44-солаи сокини шаҳри Ҳисорро бо гумони ба ҷинояти қаллобӣ даст заданаш дастгир намуданд.
Тавре ки аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, гумонбаршуда соли 2015 бо роҳи фиреб ба боварии марди 49-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз ӯ 756 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Инчунин марди гумонбаршуда аз боварии марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе суиистифода намуда, 23 ҳазор  сомонӣ ва 35 ҳазор  доллари амрикоиашро гирифта, бозпас нагардонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Июнь 14, 2016 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад