Суди конститутсионӣ: баррасии парванда аз рӯи дархости директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Наҷот»- и шаҳри Исфара мавқуф гузошта шуд

Июнь 15, 2016 16:51

Душанбе, 15.06.2016 /АМИТ«Ховар»/. Имрӯз таҳти раисии раиси Суди конститутсионии Ҷумҳуриии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода баррасии парванда аз рӯи дархости директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Наҷот»-и шаҳри Исфара Н.Исомидинова дар хусуси муайян намудани мувофиқати сархатҳои чорум, чордаҳум ва ҳабдаҳуми банди банди 2.4,  банди 4.1. сархатҳои якум, дуюм ва ҳафтуми банди 4.4-и Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониии логистикӣ», ки бо фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 13 феврали соли 2013 тасдиқ шудааст, ба моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳуриии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори мурофиаи судии конститутсионӣ  намояндагони ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Суди конститутсионӣ, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар Суди конститутсионӣ, намояндагони Суди олии иқтисодӣ, Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои адлия ва нақлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва дигар мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.
Суди конститутсионӣ дар мурофиаи ошкорои судӣ масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, зимни он ҳолатҳои наверо ошкор намуд, ки барои моҳиятан баррасӣ шудани парванда аҳамияти муҳим дошта, дақиқ намудани онҳо санҷиши иловагии конститутсиониро тақозо менамояд.
Аз ҷумла, аниқ муайян намудани вазъи ҳуқуқии Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониии логистикӣ», ки бо фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 13 феврали соли 2013 тасдиқ карда шудааст ва мавриди татбиқи он дар  ҳолати мазкур гирифтани хулосаи тахассусии мақомоти ваколатдори давлатиро талаб мекунад.
Бинобар ин, бо таъйиноти Суди конститутсионӣ баррасии парванда аз рӯи дархости пешниҳодшуда мавқуф гузошта шуд.

Июнь 15, 2016 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад