Таҷдиди сомонаи Телевизони Тоҷикистон

Июнь 22, 2016 11:57

Душанбе, 22.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Масъулини сайти Телевизиони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки сайти телевизион таҷдид гардида, пас аз муддати кӯтоҳ дубора фаъол гардонида шуд.
Телевизиони Тоҷикистон, ки қаблан бо  номи Шабакаи якум маъруф буд, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи худро ба Телевизиони Тоҷикистон иваз кард.
Бинобар ин, тибқи иттилои мусъулин сомонаи расмии Телевизиони Тоҷикистон низ таҷдид ва такмил гардид. Сомона дар доменҳои www.tvt.tj  ва www.1tv.tj фаъол буда, дар ҷадидтарин технологияи сайтсозӣ сохта шудааст.
Сомонаи нави телевизион аз бахшҳои «Хабар», «Сиёсат», «Иқтисод», «Фарҳанг», «Фароғат», «Ҷавонон», «Сайёҳӣ», «Чеҳраҳои Телевизион» ва ғ. иборат аст.
Тамошобинон минбаъд метавонанд, ки аз тариқи сомона Телевизиони Тоҷикистонро ба таври онлайн тамошо кунанд. Ҳамчунин, видеомаводи идораи барномаҳои иттилоотӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию фароғатӣ, ҷавонӣ ва сайёҳиро метавонанд тамошо ва дастрас кунанд.
Инчунин дар сомона бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ саҳифаҳои вижае, чун «25 соли Истиқлол» боз шуда, банерҳои ҷашнӣ гузошта шудаанд.
Ҳамин тариқ, Телевизиони Тоҷикистон ва сомонаи он ҳамарӯза барои инъикоси сиёсати давлатӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иттилооти саҳеҳу саривақтӣ ҳамарӯза фаъолияти худро идома дода истодаанд.

Июнь 22, 2016 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад