Тақдими эътимодномаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳи Арабистони Саудӣ
Душанбе, 22.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мамлакат Заробиддин Қосимӣ ва сафирони нави дигар давлатҳоро барои қабули эътимодномаҳо ба ҳузур пазируфт.
Зимни маросими эътимодномасупорӣ, ки дар ҳузури роҳбарияти давлату ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷараён гирифт, Заробиддин Қосимӣ паёму дуруд ва таманниёти неки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд расонда, эътимодномаи худро тақдим намуд.
Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд дар ҷараёни суҳбат бо сафирони тозатаъйин дар мамлакат, аз ҷумла ба масоили вобаста ба таҳким ва густариши робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судбахш таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Хотиррасон бояд намуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ моҳи январи соли 2016 бо сафари расмӣ ташриф оварда буд. Ин боздид, ки дар ҷараёни он миёни ду кишвар 5 санади нав доир ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои мубориза бо ҷинояткорӣ, маориф ва таҳсилоти олӣ, илм ва технология, ҷавонон, варзиш ва алоқаи ҳавоӣ ба имзо расида буд, ба рушди муносиботи дӯстонаи ду кишвар такони ҷиддӣ бахшид.
Ҳарду ҷониб барои татбиқи амалии натиҷаҳои ин сафар ва дигар санадҳои ҳамкорӣ, ки миёни ду кишвар амал мекунанд, пайваста талош меварзанд. Аз ҷумла, соли равон баргузорсозии ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар назар аст.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






