То охири ҳафта ҳавошиносон ҳавои камабри беборишро пешгӯӣ менамоянд

Июнь 23, 2016 16:49

Душанбе, 23.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Ҳавои камабри беборишро    ҳавошиносон  рӯзҳои наздик  дар Тоҷикистон пешгӯӣ менамоянд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд, аз 24 то 26 июн дар минтақаи ҷанубии Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шуда, дар ноҳияҳои кӯҳии минтақаи шимолӣ эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар ҷануб то 40 ва дар ноҳияҳои марказ то ба 39 дараҷа хоҳад расид.
Пагоҳ, 24 июн дар вилояти Хатлон ҳаво дар водиҳо шабона 18-23, рӯзона 34-39 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳарорати ҳаво шабона 16-21, рӯзона 31-36 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар Душанбе  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Ҳаво  шабона 12-14, рӯзона 34- 36 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Ҳаво  шабона 12-17, рӯзона то 31-36 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 6-11, рӯзона 25-30; дар шарқи вилоят шабона 1-6, рӯзона 14-19 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Июнь 23, 2016 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд