Толиб Рифоӣ бо унвони профессори фахрии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат қадрдонӣ шуд

Июнь 10, 2016 14:23

Душанбе, 10.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти ҳамкории пайваста дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи туризм ва меҳмондорӣ барои Тоҷикистон имрӯз Толиб Рифоӣ, Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии туристии СММ бо  унвони профессори фахрии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат қадрдонӣ карда шуд.
Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар Қодирзода Диловар Баҳридин зикр намуд, ки ин сафари  дуввуми Толиб Рифоӣ ба донишкада мебошад.
«Тоҷикистони азиз қадамҳои нахустин, вале устуворро дар самти пешрафти  туризм гузошта истодааст. Раёсати донишкада пайваста кӯшиш мекунад,  ки ҷиҳати тарбияи мутахассисони болаёқату кордон аз усулҳои муосири таълим истифода намояд. Аз рӯзи сафари нахустини Шумо дар ҷодаи тайёр намудани риштаи туризм дигаргуниҳои зиёд ба амал омаданд, ки ифодагари сиёсати кадрии Ҳукумати  Тоҷикистон аст. Умед дорем, ки ташрифи навбатии Шумо ба донишкада ба мо рӯҳу илҳоми тоза бахшида, мо дар самти тарбияи  кадрҳои соҳаи туризм ва амалисозии сиёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  корҳои бештару шоистаро анҷом хоҳем дод»,-илова намуд Д.Қодирзода.
Толиб Рифоӣ, Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии туристии СММ зикр намуд, ки акнун ӯ  як узви ин донишгоҳ гашта,   аз ин пас барои пешрафти ҳамкории судманду  мутақобила кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.
«Сафари дувумини ман ба Тоҷикистон маро дар ҳайрат гузошт, зеро дар ин чор сол Тоҷикистон боз зеботару  ҷолибтар гаштааст»,- баён дошт Толиб Рифоӣ.
Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода дар мавриди табиати афсункори Тоҷикистон сухан намуда, гуфт, ки Тоҷикистон  ниёз ба муаррифӣ ва ғамхории зиёд дорад. «Имрӯз дар беш аз 10 муассисаи таҳсилоти олӣ ва миёнаи  махсуси мамлакат донишҷӯён дар риштаи муҳими соҳаи иқтисодиёт, яъне саёҳат таҳсил доранд ва новобаста аз ин, сатҳи тахассуси кадрҳо беҳбудиро тақозо менамояд. Мо бояд баҳри ба даст овардани донишҳои замонавӣ кӯшиш намоем, зеро шароити таҳсил ва имконот рӯз аз рӯз  беҳтар шуда истодааст»,- афзуд Аҳтам Абдуллозода.
Донишҷӯёни донишкада ба  Толиб Рифоӣ дар мавриди рушди соҳаи туризм ва иқтидори соҳаи туризм дар Тоҷикистон суол доданд.

Июнь 10, 2016 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад