Ваҳдати миллӣ — сарчашмаи бахту иқболи тоҷикон

Июнь 27, 2016 13:35

Душанбе, 27.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми табрикӣ ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат изҳор доштаанд, ки: «Мо истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиамонро танҳо дар сурате пойдору устувор нигоҳ дошта, ҷомеаи худро ба як ҷомеаи мутамаддин табдил дода метавонем, ки агар нақшаву ниятҳои оғозкардаамонро бо заҳмати аҳлонаву содиқона вусъати дучанд бахшем, сарзамини биҳиштосоямонро сидқан дӯст дорем ва пайваста саъй кунем, ки ватани маҳбубамонро ба як гӯшаи ободу пешрафтаи сайёра мубаддал гардонем. Ман бо халқи сарбаланд ва созандаамон ҳамеша ифтихор мекунам ва эътимоди комил дорам, ки мо ҳама гуна мушкилоти рӯзгорамонро бо иттиҳоду сарҷамъӣ бартараф сохта, ба нияти некамон- таъмини зиндагии шоиста ба ҳар як сокини кишвар ноил мегардем».
Президенти кишвар дар Паёми табрикӣ итминон ва боварӣ намудаанд, ки  ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардум   ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи тоҷикон ва пешрафту ташаккули давлатдории миллиамон ҳамеша бегазанду ҷовидон боқӣ мемонад ва роҳи моро ба сӯи амалисозии нақшаву ҳадафҳои олиамон равшан  нигоҳ медорад. Бо ин таманно Пешвои миллат бори дигар Рӯзи ваҳдати миллиро ба кулли сокинони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамон табрик гуфта, ба   хонадони мардуми шарифи Тоҷикистон суботу осоиш, хушбахтиву хушрӯзӣ ва файзу баракат орзу  намуданд.

Июнь 27, 2016 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад