ВКХ ҶТ: Дар миёни қурбониёни ҳамлаи террористии Истанбул шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд
Душанбе, 29.06.2016 / АМИТ «Ховар» /. Дар миёни қурбониёни ҳамлаи террористии фурудгоҳи Истанбул шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Бино ба маълумоти ВКХ ҶТ, намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Туркия ва Консулгарии генералии кишвар дар Истанбул дар ҷои ҳодиса қарор доранд. Бино ба маълумоти пешакӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон дар миёни қурбониёни фурудгоҳи Истанбул ба қайд гирифта нашудаанд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба гуфтаи сарвазири Ҷумҳурии Туркия Бинал Йилдир дар ҳамлаи террористӣ дар фурудгоҳи Истанбул шаҳрвандони Туркия ва эҳтимолан хориҷӣ зарар дидаанд. Қисми зиёди қурбониён шаҳрвандони Туркия мебошанд,- иттилоъ медиҳад агентии «Reuters».
Бино ба маълумоти пешакӣ, масъулияти ҳамларо гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» ба уҳда гирифтааст.








Низоми бидуни раводид байни Тоҷикистон ва Эрон пурра ба татбиқ расид
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд






