Ёвон: Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар сатҳи ноҳия ҷамъбаст гардид

Июнь 13, 2016 15:30

Ёвон, 13.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои мамлакат, ободонию  бунёдкорӣ дар ноҳияи Ёвон марҳилаи якуми Мусобиқаи ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла ва хонаю оилаи намунавӣ дар сатҳи ноҳия ҷамъбаст гардид, ки дар ин марҳила аз байни 78 деҳаю 32 маҳалла ва 26 оилаи намунавию 27 хона 3 деҳа, 3 маҳаллаи беҳтарин ва 3 хонаю 3 оилаи намунавӣ ғолиб дониста шуданд.
Ба ғолибон аз тарафи раиси ноҳия Амирбеки Темур бо иштироки намояндагони Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Хатлон дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳо, дипломҳо ва туҳфаҳои пулӣ тақдим карда шуданд.

Июнь 13, 2016 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад