Ёвон: Суҳбатҳои созанда оид ба ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва ҷонфидоиҳои Пешвои миллат

Июнь 28, 2016 15:36

Ёвон, 28.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар коллеҷу литсейҳои касбию техникии ноҳияи Ёвон дар арафаи рӯзи Ваҳдати миллӣ корҳои таблиғотӣ, аз қабили конфронсу суҳбатҳо ва вохӯриҳо бо адибону шоирон ва зиёиёни ноҳия баргузор гардид, ки донишҷӯёну омӯзгорон оид ба ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва ҷонфидоиҳои Пешвои миллат барои барқарории сулҳ суҳбат карданд.
Муовини директори Литсейи касбӣ-техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ёвон Меҳринисо Бобиева иброз медорад, ки: «Имрӯз ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон бо фарогирии се омили асосӣ- давлати миллӣ, андешаи миллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пеш меравад. Олимону ҷомеашиносони мо имрӯзҳо дар атрофи таҳияи Консепсияи андешаи миллӣ, ки асоси онро Ваҳдати миллӣ ташкил медиҳад. Дарку фаҳмиши истиқлолияти бадастомада, ваҳдату ягонагии миллату халқи тоҷик ва худогоҳиву худшиносӣ аз масоили муҳиму арзишманди самти фаъолияти сиёсӣ ба шумор рафта, омили ҳалкунандаи ҳимоя ва пойдории давлат мебошад».
Ҷавондухтарони ноҳия бо он мефахранд, ки бо шарофати сулҳу якдигарфаҳмӣ ва фазои ороми кишвар имрӯз ба донишомӯзӣ машғул шуда, дар ватани хеш фаъолият менамоянд. Мадина Абдураҳимова ва Саврӣ Мадалиева, донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон мегӯянд, ки дар ҷомеаи имрӯзаамон нафарони бевиҷдоне ҳастанд, ки оромию осудагии миллати тоҷикро намехоҳанду кӯшиши амалӣ кардани мақсадҳои нопоки do-dietary-supplements-work.com доранд. Онҳо фаромӯш кардаанд, ки ҷавонони кишвар дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, намегузоранд бори дигар душманони фурӯхташудаи миллати тоҷик кишвари азизамонро ноором кунанд. Инчунин аз баракати сулҳофаринии Пешвои миллат аст, ки имрӯзҳо мо ҷавондухтарон илм меомӯзему соҳиби касб мегардем ва шукронаи Пешвои миллатро мекунем,-таъкид карданд духтарон.

Июнь 28, 2016 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе