Заминагузорӣ барои татбиқи босамар ва босифати сиёсати давлатӣ дар самти туризми ватанӣ
Душанбе, 21.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард мулоқот намуд.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот ҳамкории дуҷониба дар риштаҳои гуногун мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки имрӯз соҳаи туризм яке аз соҳаҳои ҷавон дар кишвари мо ба ҳисоб рафта, ҳамкории мутақобилан судманди тамоми мақомоту идораҳо ба татбиқи босамар ва босифати сиёсати давлатӣ дар туризм ва беҳтар сохтани фазои фаъолият дар ин самти муҳим ба иқтисодиёти миллӣ заминагузор хоҳад шуд.
Элизабет Миллард иброз дошт, ки аз вақти омаданаш ба Тоҷикистон зебоиҳои ин сарзамин ӯро ба ҳайрат овардааст. Зикр намуд, ки дар пайи сафарҳо аз чандин минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон дидан намуда, ният доранд, ки як мутахассисеро даъват намоянд, то ин ҳама рангорангиро мавриди омӯзиши амиқ қарор диҳад.
Номбурда инчунин вобаста ба рушди ҳамкории дуҷониба зикр сохт, ки барои рушд додани соҳаи сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо ҳамеша барои ҳамкорӣ омодааст.
Дар идомаи мулоқот зикр гардид, ки шумораи сайёҳон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ сол аз сол зиёд шуда истодааст.
Дар охир изҳори боварӣ карда шуд, ки барои боз ҳам пурзӯр кардани ҳамкории мутақобилан судманд дар самти туризм месазад, то ҷалби коршиносони байналмилалии соҳаи туризми Амрико ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад, ки ин аз манфиат холӣ нахоҳад буд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






