Занони Кӯлоб тарғибгари сулҳу Ваҳдати миллиянд

Июнь 16, 2016 12:08

Кӯлоб, 16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 19-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон  дар шаҳри Кӯлоб дар Театри вилоятии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи  шаҳри Кӯлоб таҳти унвони «Нақши занони даврони Истиқлолият дар рушду нумӯи Тоҷикистон» ҳамоиши занони ҳизбӣ баргузор шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Кӯлоб Саъбагул Валиева зикр кард, ки воқеан занони тоҷик аз хушбахттарин занони дунё мебошанд, ки аз баракати Истиқлолият дар фазои сулҳу оромӣ ба тарбияи насли ояндасоз машғуланд. Ин ҳама дастовардҳои бузург бо кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва  ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба занону модарон беназир аст. Бо ин мақсад Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб тасмим гирифтааст, ки чунин ҳамоишро баргузор намояд. Саъбагул Валиева иброз дошт, ки санаҳои муҳими таърихӣ, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолиятро бо сарбаландона пешвоз гирифта, мо, занонро мебояд, ки барои мустаҳкамии пояҳои ин дастовардҳои беназир ҳамеша сахмгузор бошем.
Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш аз ҷониби ҳунармандони театр суруду таронаҳо пешкаши аҳли толор гардиданд, ки ин ба ҳамоиш ҳусни дигар зам намуд.

Июнь 16, 2016 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад