А. Қодирӣ: ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатиро дар сатҳи баланд таҷлил хоҳем кард
Хуҷанд. 12.07.2016. /АМИТ Ховар/. Дирӯз, 11 июл дар шаҳру ноҳияҳои шимоли кишвар нишастҳои матбуотӣ оғоз гардиданд. Зимни нишасти хабарии Раиси вилояти Суғд, ки дар Муассисаи давлатии вилоятии «Боғи миллии Ваҳдат» баргузор гардид, раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ оид ба рафти тараққиёти иқтисодию иҷтимоии вилоят дар нимсолаи аввали соли 2016 ва дастовардҳои хоҷагии халқи вилоят ба ҳозирин гузориш дода, аз ҷумла зикр намуд, ки имрӯзҳо дар шаҳру навоҳии вилоят доир ба сатҳи хуби ташкилӣ таҷлил намудани ҷашнӣ 25-солагии Истиқлолияти кишвар корҳои омодагӣ ҷараён доранд.
Ба иттилои роҳбари вилоят дар рӯзҳои таҷлили ин ҷашнӣ хотирмон, ки он бо иштироки бевоситаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад, ба истифодадиҳии як катор иншоотҳои ҳаётан муҳим ва барномаи рангини фарҳангӣ дар назар дошта шудааст. Ввобаста ба натиҷагирии фаъолияти соҳҳоти гуногун дар нимсолаи аввали соли 2016, аз ҷумла соҳаи саноат ва кишоварзӣ Абдураҳмон Қодирӣ зикр намуд, ки дар ин давра нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ босифат таъмин гардида, ба буҷет 861 млн.сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 35 млн. сомонӣ зиёд буда, ҳамчунин 8 намуди андозҳо барзиёд таъмин гардидаанд. Ҳамзамон, коргоҳҳои саноатии вилоят новобаста аз таъсири манфии омилҳои беруна, тавонистанд ба маблағи 2,8 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намоянд, ки ҳаҷми умумии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 131,5 фоиз баробар гардид. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 1 миллиарду 256 млн. сомонӣ баробар шуда, он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 209 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Хотиррасон бояд кард, ки яке аз иншоотҳои ҷашнӣ-ин ифтитоҳи Муҷассамаи 25-солагии Истиқлолияти ҶТ ба шумор меравад. Муҷассама дар гардишгоҳи мавзеи хиёбони С.Айнӣ шаҳраки донишҷӯён, дар ру ба руи биноҳои асосии таълимии ДДХ ва ДДҲБСТ ҳоло дар арафаи қоматафрозӣ буда, он аз ҷониби меъморони шуъбаи шаҳрсозии вилоят тарҳрезӣ шудааст. Ду моҳ боз бо ширкати сохтмончиёни идораи сохтмони асосии вилоят корҳо дар ин самт идома дошта, пардабардорӣ аз болои он моҳи сентябр бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат рӯи кор хоҳад омад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






