«Агар рафтӣ, бирав», «На сарпӯшу на хилъат», «Исломи сиёсӣ» — шарҳи матбуот
Душанбе, 14.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ ва ҳамешагӣ бахшид ва дарвозаҳои чаҳор самти олами бекаронро ба рӯяш боз намуд. Танҳо ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ мо тавонистем, ки аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишварамонро ҳадафи стратегии худ қарор диҳем ва бо заҳмати содиқонаи мардумамон ба сӯи ин ҳадаф босуръат пеш равем», — бо ҳамин суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи навбатии нашрияи расмии мамлакат «Ҷумҳурият» (11.07.2016 № 134) аз чоп баромада, мақолаҳои «Деваштич номус ва ҳувияти миллӣ», «Маърака – фарқи туй аз мотам кам мегардад», «Исломи сиёсӣ», «На сарпӯшу на хилъат», «Телефон доми бало шуд» ва хабарҳо оид ба баргузор шудани брифинги намояндагии Тоҷикистон дар СММ дар Ню-Йорк, таҳкими ҳамкорӣ миёни Душанбе ва Гансуи Чин ва дигар навгониҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар саҳифаҳои он дарҷ гардидаанд.
«Ҷумҳурият» дар шумораи дигари худ (12.07.2016, № 135) бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон фикру мулоҳизаҳои Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали вазири маориф ва илмро таҳти сарлавҳаи «Истиқлолият ва низоми нави маориф» пешкаши хонандагон намудааст. Муаллифи мақола чунин навиштааст: «Барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир зарурати сифатан рушд намудани низоми тайёр кардани онҳо пеш омадааст, ки он, дар навбати худ, аз ҷаҳонишавии низоми таҳсилот вобастагӣ дорад. Яке аз равандҳои воридшавӣ ба фазои ягонаи ҷаҳонии таҳсилотро дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат татбиқи низоми кредитии таҳсилот ташкил медиҳад».
Мақолаи таҳлилии «Иди саиди Фитр, фурӯшандаҳои мо кай аз асорати нафс озод мешаванд» дар мавзӯи муҳими рӯз навишта шуда, муаллиф оид ба ҳолати нигароникунандаи бозорҳо, ки ҳар сол дар арафаи идҳо бе сабабу бе асос нархи анвои хӯрданӣ даҳҳо маротиба боло мераванду масъулон чораҷӯии таъсирбахш карда наметавонанд, изҳори назар кардааст.
«Садои мардум» – нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи навбатӣ (09.07.2016 № 88) матни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016»-ро чоп кардааст, ки тибқи он воридоти маснуоти заргарӣ аз андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда шуда, ба ивази онҳо пардохти махсуси гумрукӣ ҷорӣ карда мешавад. Мақолаҳои «Чаро муллоҳо аз муаллимон фаъолтаранд?», «Адабиёти таълимӣ душворфаҳм аст…», «Ҷаннат аз парҳезгорон аст», «Канораҷӯӣ аз таҳоҷуми фарҳанги бароямон носозгор зарур аст» дар ҳамин шумораи нашрия чоп шудаанд. «Садои мардум» дар шумораи рӯзи сешанбе чопшуда (12.07.2016 № 89) аз ҷараёни ҷаласаҳои кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарлавҳаҳои «Кодекси шаҳрсозӣ такмил меёбад», «Пешниҳоди имтиёзҳо ба танзим медарояд», «Қонунҳо ба таҳкими ҳокимияти давлатӣ равона шудаанд» гузоришҳои муфассал нашр кардааст.
Нашрияи русзабони мамлакат «Народная газета» аз шиносоии сарвазири ҷумҳурӣ Қ. Расулзода бо ҷараёни иншооту сохтмонҳои азиму стратегӣ, дар бораи афзалиятҳои муҳими сохтмони НБО «Роғун» ва бунёд шудани он аз тарафи ширкати итолёвии «Salini Impregilо», оид ба моҳият ва зарурати қабул гардидани қонун дар бораи манъи издивоҷи хешутаборӣ, оғози нишастҳои матбуотии кумитаву вазоратҳо ва мактабҳои олии кишвар бо натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи аввал хабару мақолаву гузоришҳо чоп карда, ҳамчунин фикру мулоҳизаҳои А.Баширова ва С.Қурбоновро аз вазъияти ВАО дар мамлакат, гӯё ҷой доштани фишор ба болои ба ном журналистони мустақил ва гӯё аз байн рафтани журналистика бо сарлавҳаи «Агар рафтӣ, бирав»нашр кардааст.
«Омӯзгор» — нашрияи Вазорати маориф ва илм мақолаҳои «Маводи аттестатсияро дуруст бояд таҳия намуд», «Усулҳои самараноки дарс», «Шинохти Ҳофиз дар Тоҷикистон», «Муаллим чӣ имтиёз дорад?», «Дар мавриди ҳарфи Е»-ро ба хонандагон пешниҳод кардааст.
Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» мақолаи таҳлилии «Рио-2016: аз кӣ медал интизор шавем?»-ро нашр карда, бо баррасии имконият ва захираҳои варзишгарони тоҷик навиштааст: «Аз миёни онҳое, ки роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст овардаанд, коршиносони соҳа дар такя ба натиҷаҳои нишондодаи онҳо аз Дилшод Назаров, Комроншоҳи Устопириён ва Анвар Юнусов медал интизоранд».
Ҳамчунин рӯзҳои чоршанбе ва панҷшанбе ҳафтаномаҳои ҷамъиятӣ-сиёсии «Чархи гардун», «Тоҷикистон», «СССР», «Нигоҳ», «Миллат», «Фараж», «Самак», «Asia-Pius», нашрияҳои «Оила», «Зан ва мард» ва дигар нашрияҳои соҳавӣ аз чоп баромада пешкаши хонандагон шуданд.